Jump to content

Вадд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вадд (ар. ود ‎) — номи яке аз панҷ бути мавриди парастиш дар қабилаи Банӣ Каъби Арабистон қабл аз ислом (арабӣ: الإسلام, al-Islām), ки дар Қуръон (71:23) зикр шудаанд. Кофирон аз қавми Нӯҳи пайғамбар бо ҳам аҳд карданд, ки парастиши ин бутҳоро раҳо накунанд. Бутони дигар Сувоъ, Яғус, Яъуқ ва Наср ном доштанд. Тавре дар тафсирҳо омадааст, аслан дар ибтидо ин номҳо ба бандагони неку солеҳе тааллуқ доштанд, ки мардуми зиёд дар итоати аҳкоми Худованд аз онҳо пайравӣ мекарданд. Баъди вафоти ин бузургон Шайтон мардумро фиреб доду гуфт, ки шумо агар тасвиру ҳайкалҳои онҳоро дар пешорӯи худ бигзоред, бар хушӯъ ва хузӯъ (фурӯтанӣ)-и шумо дар ибодат афзуда мешавад. Мардум ба фиреби Шайтон афтода, муҷассамаҳои ин бузургонро сохтанд ва дар ибодатгоҳҳои худ гузоштанд. Ҳангоми ибодат бо мушоҳидаи бутҳо онҳоро ҳолати аҷибу эҳсосоти ғарибе фаро мегирифт. Баъди даргузашти ин насл Шайтон дар гӯши наслҳои баъдӣ хонд, ки бузургони шумо ҳамин бутҳоро маъбуду худои худ қарор дода, барояшон ибодат мекарданд. Онҳо ба васвасаи Шайтон дода шуданд ва бутпарастӣ ҳам аз ҳамон давр оғоз ёфт. Бо зуҳури ислом ба бутпарастӣ дар миёни арабҳо, аз ҷумла парастиши Вадд, хотима дода шуд.

  • Али-заде. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007;
  • دائرة المعارف فارسي. جلد۲. بخش ۲. تهران، ۱۳۸۷؛ عثماني محمد شفيع ديوبندي. تفسير معارف القرآن. جلد ۱۴. تهران، ۱۳۸۹ С. Маҳмадуллоҳ.