Jump to content

Вадиат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вадиат (ар. وديعة‎ ‒ супурдан, гузоштан), дар фиқҳ як навъи амонат, ақдест, ки тибқи он шахсе молеро ба дигаре месупорад, наздаш мегузорад, то ӯ онро нигаҳбонӣ кунад. Чизеро, ки як кас назди дигаре барои нигаҳдорӣ мегузорад, низ Вадиат меноманд. Касе, ки молро ба Вадиат мениҳад, «мудиъ» ва он кас, ки мол назди ӯ ба Вадиат гузошта мешавад, «мудаъ», «муставдаъ», «амин» ё «амонатдор» хонда мешавад.

Фақеҳон дар бораи Вадиат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фақеҳон бар машрӯияти Вадиат ба сухани Худованд, суннати қавливу феълӣ, иҷмоъ ва маъқул истидлол менамоянд. Чунончи, Худованд муъминонро мефармояд, ки якдигарро бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ мадад намоянд (Қуръон: 5, 2) ва амонатҳоро, ки Вадиат аз он ҷумла аст, ба аҳли онҳо адо намоянд (4, 58). Паёмбар (с) ба адо кардани амонат ва хиёнат накардан фармуда (Сунани Тирмизӣ, 3/1264; Саҳеҳи Ибни Ҳиббон 10/4255), таъкид кардааст: Худованд ёру мададгори бандаест, ки ба бародараш мадад мерасонад (Саҳеҳи Муслим, 8/7028; Сунани Тирмизӣ, 4/1425, 1930, 5/2945). Рукни Вадиат иҷоб бо қавли сареҳ, киноя ё феъл ва қабул аз мудиъ ба сароҳат ё далолат бар вуҷуби ҳифз аст. Ҳатто агар касе сухане нагуфта ҳам Вадиатро қабул кунад ва феълан чунон рафтор намояд, ки далели қабул бошад, ақди Вадиат басташуда ба шумор меравад. Мудиъ ва муставдаъ бояд салоҳияти тасарруф кардан дошта бошанд. В. дар назди мудаъ амонат буда, ҳифзи он бар вай воҷиб ва фавран баргардонидани он ҳангоми талаби моликаш лозим аст. Мудаъ ихтиёр дорад, ки Вадиатро худаш нигоҳдорӣ намояд ё ҳифозати онро ба аҳли хонаводааш супорад. Аммо барои ҳифозат ё амонат ба дигарон супурдани Вадиат танҳо дар баъзе ҳолатҳои фавқулода (мас., сӯхтор ё ғарқшавӣ) ҷоиз аст. Истифодаи Вадиат ва тасарруф дар он (фурӯш, иҷора, ба гарав, орият, қарз, Вадиат додан ва ғайра), агар бо иҷозати моликаш сурат гирад, дуруст, машруъ ва ба тариқи ниёбат аз ӯст, зеро як инсон дигареро амри тасарруф дар мулкаш кардааст. Вале бидуни иҷозати молики Вадиат, дар сурати талаф ёфтан ё нақси қимати он дар дасти шахси ба иҷора, орият ё гарав гирифта, муставдаъ зомин мегардад ва бояд товон диҳад. Ҳангоми халт – омехтани Вадиат бо моли худ дар сурати имкон доштани аз ҳам ҷудо кардани онҳо (мас., агар дирҳамҳои сафеду сиёҳ, дирҳаму динор, бодому чормағз ба ҳам омехта шаванд) зомин намегардад, вале агар ҷудо кардан мушкил бошад (мас., ба ҳам омехтани гандум бо ҷав) мудаъ зомин хоҳад шуд. Дар сурати бо ҳам омехтани ҷинсҳои мухталиф ва дар якдигар ҳал шудани онҳо (мас., равғани зайтун бо равғани кунҷид) низ зомин мегардад. Агар молик Вадиатро талаб кунад ва мудаъ онро мункир шавад ё манъ кунад, зомин хоҳад шуд, зеро талаби вопас гардонидан маънои аз нигаҳдорӣ барканор карданро дорад. Дар сурати манъ кардани мол мудаъ ғосиб ба шумор меравад. Моли Вадиат дар дасти мудаъ ба унвони амонат нигаҳдорӣ мешавад ва модоме ки тафрит (кӯтоҳӣ, бепарвоӣ) ва тааддӣ накунад (аз ҳад нагузаронад), зомини он намешавад, яъне агар мол талаф ёбад, мисл ё қимати онро ба молик намепардозад. Аммо дар сурати тафрит ё тааддӣ дар он амонатдор зомини мол мешавад. Чунончи, тафрит дар ҳифзи либос он аст, ки амонатдор либоси пашмиро баъди ҳар чанд вақти муайян доруи зидди кӯя назанад, тааддӣ дар моли амонат он аст, ки амонатдор чунин либосро бипӯшад. Ҳифзи ҳар чиз ба ҷинси он вобаста аст. Мас., ҳифзи моли нақд бояд дар сандуқи қуфлшуда бошад ва ҳифзи либосу китоб дар маҳалҳои муносиби онҳо. Бо марги яке аз ду тараф ақди Вадиат ботил мешавад. Дар сурати фавти молики Вадиат бар мудаъ воҷиб аст, ки Вадиатро фавран ба молики баъдӣ, бидуни талаб кардани ӯ супорад. Агар муставдаъ бимирад ва Вадиат назди ӯ пайдо нашавад, он бар дӯши вай қарз мемонад ва бояд аз мотарак (моли аз ӯ монда) пардохта шавад

الموسوعة الفقهية. الجزء الثالث و الاربعون. الكويت، ۲۰۰۵؛ مختصر الوقاية مع شرحه اختصار الرواية. الجزء الثانى. بيروت، ۲۰۰۵؛ عبد الرحمن الججزيرى. الفقه على المذاهب الاربعة. سيدا – بيروت،۲۰۰۵؛ السيد السابق. فقه السنة. سيدا – بيروت ، ۲۰۰۷؛ دائرة المعارف فارسي. جلد ۲.تهران، ۱۳۸۷؛ هنري عبدالله. احسن الهداية فارسي شرح هداية. حصۀ ۱، پشاورن، بدون سال نشر