Вазопрессин
Вазопрессин (аз лот. vas — раг ва pressus — фишор) — ҳормони пептидӣ, ки дар ҳуҷайраҳои гипоталамус ҳосил мешавад.
Вазопрессин ба воситаи нахҳои бандчаи гипоталамусу ҳипофиз ба ҳуҷайраҳои ҳиссаи қафои ҳипофиз интиқол меёбад. Вазопрессин обро дар андомгон (организм) нигоҳ дошта, рагҳои хунро меангезад, ба маҷрои хун гузашта, барои дар савияи зарурии физиологӣ нигоҳ доштани мубодилаи обу намак кумак мерасонад. Ҳангоми бисёр рост истодан, беҳад гарм будани ҳаво, шӯру ғавғо, дард, зиқӣ, кори вазнини ҷисмонӣ, хунравӣ ва талафи об миқдори Вазопрессин дар хун меафзояд. Дар натиҷаи дароз кашидан, сард будани ҳаво, бисёр ошомидани об, истеъмоли машруботи спиртдор раванди ҳосил шудану ба хун гузаштани Вазопрессин коҳиш меёбад. Ихтилоли ҳосилшавии Вазопресин боиси сар задани диабети беқанд мешавад. Дар хуни одамони солим фақат бақияи Вазопрессин (дар 1 мл хун тақр. 4 микровоҳид), дар миқдори умумии пешоби шаборӯзӣ 40-60 микровоҳиди Вазопрессин мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 UniProt (ингл.)
- ↑ 2.00 2.01 2.02 2.03 2.04 2.05 2.06 2.07 2.08 2.09 2.10 2.11 2.12 Chen J., Volpi S., Aguilera G. Anti-apoptotic actions of vasopressin in H32 neurons involve MAP kinase transactivation and Bad phosphorylation (ингл.) // Exp. Neurol. — Elsevier BV, 2008. — Vol. 211, Iss. 2. — P. 529—38. — ISSN 0014-4886; 1090-2430; 1055-8330; 1522-9661 — doi:10.1016/J.EXPNEUROL.2008.02.023 — PMID:18402937
- ↑ 3.00 3.01 3.02 3.03 3.04 3.05 3.06 3.07 3.08 3.09 3.10 3.11 3.12 3.13 3.14 3.15 3.16 3.17 3.18 3.19 3.20 3.21 3.22 3.23 3.24 3.25 3.26 3.27 3.28 3.29 3.30 3.31 3.32 3.33 3.34 3.35 3.36 3.37 3.38 3.39 3.40 3.41 3.42 3.43 3.44 3.45 http://www.ebi.ac.uk/QuickGO/annotations?geneProductId=UniProtKB:P01185
- ↑ 4.0 4.1 Innamorati G., Sadeghi H., Birnbaumer M. A fully active nonglycosylated V2 vasopressin receptor (ингл.) // Mol. Pharmacol. — American Society for Pharmacology and Experimental Therapeutics, 1996. — Vol. 50, Iss. 3. — P. 467—73. — ISSN 0026-895X; 1521-0111 — PMID:8794883
- ↑ 5.0 5.1 5.2 5.3 5.4 5.5 Bahnsen U., Oosting P., Swaab D. F., Nahke P., Richter D., Schmale H. A missense mutation in the vasopressin-neurophysin precursor gene cosegregates with human autosomal dominant neurohypophyseal diabetes insipidus (ингл.) // EMBO J. — NPG, 1992. — Vol. 11, Iss. 1. — P. 19—23. — ISSN 0261-4189; 1460-2075 — doi:10.1002/J.1460-2075.1992.TB05022.X — PMID:1740104
- ↑ 6.0 6.1 6.2 Gaudet P., Livstone M. S., Lewis S. E., Thomas P. D. Phylogenetic-based propagation of functional annotations within the Gene Ontology consortium (ингл.) // Brief. Bioinform. — OUP, 2011. — Vol. 12, Iss. 5. — P. 449—462. — ISSN 1467-5463; 1477-4054 — doi:10.1093/BIB/BBR042 — PMID:21873635
- ↑ Belkacemi L., Beall M. H., Magee T. R., Pourtemour M., Ross M. G. AQP1 gene expression is upregulated by arginine vasopressin and cyclic AMP agonists in trophoblast cells (ингл.) // Life Sci. — Elsevier BV, 2008. — Vol. 82, Iss. 25-26. — P. 1272—80. — ISSN 0024-3205; 1879-0631 — doi:10.1016/J.LFS.2008.04.014 — PMID:18538351
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Теппермен Дж. Физиология обмена веществ и эндокринной системы. М., 1989;
- Шмидт Р., Тевса С. Физиология человека. М., 1996.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазопресин // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |