Вакили халқ
Вакили халқ — намояндаи халқ, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ба парламент ва мақомоти маҳаллии намояндагӣ интихоб ва барои аз номи халқ амалӣ гардонидани ҳокимияти давлатӣ ваколатдор карда шудааст.
Аъзои Маҷлиси миллӣ, вакили маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мувофиқи қонунгузории конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон В. х. мебошанд. Вазъи ҳуқуқии вакилони мақомоти намояндагӣ падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ мебошад. Дар Конститутсия ва қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо дар сатҳи гуногун танзим ёфтаанд. Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 августи 2001 вазъи ҳуқуқии аъзои парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар ва танзим намудааст. Вазъи ҳуқуқии вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ» аз 13 декабри 1997 танзим ёфтааст. Доираи танзимёбӣ васеъ ё маҳдуд мебошад.
Ҳоло дар таҷрибаи конститутсионии мамлакатҳои ҷаҳон ду равияи танзимнамоии вазъи конститутсионии Вакили халқ мушоҳида мешавад, ки яке аз онҳо бештар ба давлатҳои мутараққӣ ва давлатҳои рӯ ба тараққӣ ва дигаре ба конститутсияҳои давлатҳои моҳиятан сотсиалистӣ хос мебошад.
Дар конститутсияҳои давлатҳои гурӯҳи аввал чунин муносибатҳои хосси вазъи конститутсионии Вакили халқ танзим шудаанд: 1) ҳуқуқи интихобшавӣ ва азнавинтихобшавӣ; 2) шартҳои интихобшавӣ; ҷавобгарӣ барои ахбори нодуруст додан барои интихобшавӣ; 3) интихобӣ набудан; тартиби судии муайян кардани ҳақиқӣ будани интихобшавӣ; 4) номувофиқии мандати вакилӣ ба ишғоли ин ё он мансабу вазифа дар мақомоти ҳарбӣ, амният, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ ва сарварии корхонаҳои хусусӣ ва омехта; 5) манъи вакили ду муассисаи қонунгузорӣ (намояндагӣ) будан; манъи аъзои ҳар ду палата будан; 6) ба мандати ҳатмӣ (императивӣ) вобаста набудан; мандати озод; намояндаи тамоми миллат будан; 7) оғози ба фаъолияти вакилӣ шурӯъ кардан; 8) савгандёдкунӣ ва матни савганди вакил; 9) тартиби бо маош таъмин кардани вакил ва дигар имтиёзҳои он; 10) муҳлати амали мандат; қатъгардии амали мандати вакилӣ; 11) маҳрум гаштан аз мандати вакилӣ дар сурати дар ҷаласаҳои Парлумон дар муҳлати муқарраршуда бе сабабҳои узрнок иштирок надоштан; 12) маҳрум гаштан аз мандат дар сурати ба фаъолияти вакилӣ сари вақт шурӯъ накардан; 13) шарти ҷойи вакилро ишғол кардани муовини ӯ; 14) маҳрум гаштан аз мандати вакилӣ дар сурати сарпечӣ аз савгандёдкунӣ ё имзогузорӣ ба он дар муҳлати муайян; 15) дахлнопазирии вакил ва кафолатҳои он; 16) шартҳои таъқиби ҷиноии вакил; 17) тартиби боздошт ва бекор кардани дахлнопазирии парлумонӣ; 18) маҳрум намудан аз мандати вакилӣ бо қарори палата; 19) ҳуқуқи вакил ба истеъфо ва тартиби қабули он; 20) қатъи вакилӣ.
Ғайр аз ин меъёрҳо дар конститутсияҳои ин гурӯҳи давлатҳо оид ба ҳайати парламент, меъёри намояндагӣ, шумораи вакилон, ташкили ҳавзаҳои махсуси интихоботӣ барои занон, ташкилу фаъолияти комиссияҳои интихобот, алоқаи вакил бо ҳизби сиёсӣ қоидаву нишондодҳо мавҷуданд. Дар конститутсияҳои давлатҳои гурӯҳи дуюм барои муайян кардани вазъи конститутсионии вакил ғайр аз чанд меъёри мазкур, инчунин ҳолатҳои зерин муқаррар шудаанд: 1) мувофиқи манфиати халқ фаъолият кардани вакил; 2) нигоҳ доштани робита бо интихобкунандагон ва мақомоти онҳоро интихобкарда; 3) вазифаи хидмати-ро якҷо бо вазифаҳои вакилӣ ба иҷро расондан; 4) бе подоши хидматӣ дар мақомоти намояндагӣ фаъолият кардан; ба вакил додани подоши харҷи вакилӣ; 5) дар зери назорати мақомоти интихобкарда фаъолият намудани вакил; 6) ҳисоботдиҳӣ ба интихобкунандагон ва мақомоти намояндагӣ; 7) ҳатмӣ будани супориши интихобкунандагон; 8) бозхонди вакил аз ҳайати мақомоти намояндагӣ пеш аз муҳлат аз тарафи интихобкунандагон.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вакили мақомоти намояндагӣ ҳадди ақалли меъёрҳоро муқаррар кардааст, ки дар онҳо фақат баъзе асосҳои вазъи ҳуқуқии ӯ танзим шудаанд. Аз ҷумла, ҳокимияти давлатиро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ гардонидани халқ (моддаи 6), номувофиқии касбу вазифаҳо барои интихоб шудан ба вакилӣ, ҳуқуқ надоштани узви Маҷлиси миллӣ ба вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ будан, ба вакили дигар мақоми намояндагӣ будан ҳуқуқ надоштани вакили Маҷлиси намояндагон (моддаи 50), хислати озоди мандати вакил, дахлнопазирии вакил, асосҳои пеш аз муҳлат қатъ гардидани мандати вакил (моддаи 51) ва ғ.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1994;
- Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон». Д., 2001;
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси вакилони халқи Маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ». Д., 1997.
- Имомов А. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2007.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вакили халқ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |