Валентина Терешкова
русӣ: Валентина Владимировна Терешкова | |
Кишвар: | |
Рутбаи нисзомӣ: | генерал-майор |
Таърихи таваллуд: | 6 март 1937[3][4][5][…] (87 сол) |
Зодгоҳ: | |
Соядаст: | |
Мукофотҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Валентина Владимировна Терешкова (с.т. 6 марти 1937, деҳаи Болшое Масленниково, ноҳияи Тутаеви вилояти Ярославл) — ҳавонавард-кайҳоннаварди СССР, аввалин зани кайҳоннаварди ҷаҳон (1963), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1963), генерал-майори Авиатсия (1995) [6]. Кавалери пурраи ордени «Нишони хидмат дар назди Ватан».
Вакили Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои VII-XI (1966-1989), узви Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС (1974-1989). Роҳбари Кумитаи занони шӯравӣ (1968-1987) ва Иттиҳоди Ҷамъиятҳои шӯравии дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ (1987-1992).
Сиёсатмадори рус, вакили Думаи давлатии Федератсияи Русия, узви Шӯрои олии ҳизби «Единая Россия» [7]. Моҳи марти соли 2020 вай ба Конститутсияи Федератсияи Русия тағйирот пешниҳод намуд, ки ба президенти кунунии Русия Владимир Путин имкон дод, то ду маротибаи дигар номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ намояд.
Валентина Терешкова 6 марти соли 1937 дар деҳаи Болшое Масленниково дар наздикии шаҳри Тутаеви вилояти Ярославл дар оилаи деҳқони муҳоҷири Белорус таваллуд шудааст. Падараш Терешков Владимир Аксенович (1912-1940). Модараш - Терешкова Елена Федоровна (1913-1987). Дар ҳайати оила инчунин хоҳари бузурги вай Людмила ва бародари хурдиаш Владимир [8] буданд.
Соли 1945 ба мактаби миёнаи №32-и шаҳри Ярославл (ки ҳоло номи ӯро дорад) дохил шуд ва соли 1953 ҳафт синфро хатм кард [9].
Солҳои 1954—1955 дар синфҳои 8—9-уми мактаби ҷавонон коргари рақами 1955 таҳсил кардааст.
Солҳои 1955-1960 дар техникуми ғоибонаи саноати сабуки Ярославл дар ихтисоси техник-ресандаи пахта таҳсил кардааст. Аз 11 августи соли 1960 то марти соли 1962 котиби комитети комсомолии заводи «Красный Перекоп» буд. Вай дар оркестри асбобҳои халқии хонаи маданияти комбинат домра менавохт.
Аз соли 1959 вай дар клуби парвозии Ярославл ба парашютбозӣ машғул шуд (90 ҷаҳиш).
6 марти соли 1960 конструктори генералӣ С. П. Королев аввалин отряди кайҳоннавардонро ташкил намуд. Валентина Терешкова ба он дохил шуд.
Фаъолияти чамъиятй
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2011 вай аз ҳизби «Русияи воҳид» дар рӯйхати вилоятии Ярославл вакили Думаи давлатии Русия интихоб шуд. Терешкова якҷо бо Елена Мизулина, Ирина Яровая ва Андрей Скоч [10][11][12] узви гурӯҳи байнифраксиявии депутатии ҳифзи арзишҳои насронӣ мебошад; дар ин симат вай аз ворид кардани тағйирот ба Сарқонуни Русия пуштибонӣ кард, ки тибқи он "Православӣ асоси ҳувияти миллӣ ва фарҳангии Русия аст". Аз 21 декабри соли 2011 муовини раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба сохтори федералӣ ва худидоракунии маҳаллӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ https://www.bbc.com/news/magazine-22779443 (ингл.) — 1997.
- ↑ https://www.bbc.com/news/world-europe-23984725 (ингл.) — 1997.
- ↑ Терешкова Валентина Владимировна // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ filmportal.de — 2005.
- ↑ https://www.fembio.org/biographie.php/frau/frauendatenbank?fem_id=26826 (нем.)
- ↑ ТЕРЕШКОВА Бойгонӣ шудааст 2 марти 2018 сол. // Большая российская энциклопедия. Том 32. Москва, 2016, с. 65.
- ↑ Высший совет Партии. Состав. Официальный сайт российской политической партии «Единая Россия». 15 ноябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 ноябри 2013.
- ↑ Тайны биографии Валентины Терешковой | Общество | Собеседник.ру(пайванди дастнорас — таърих). 14 июни 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 июни 2013.
- ↑ Муниципальное общеобразовательное учреждение «Средняя школа № 32 имени В. В. Терешковой»
- ↑ https://lenta.ru/tags/persons/skoch-andrey/.
- ↑ Бизнес-вектор Андрей Скоч: «Если хочешь быть счастливым — обязательно будь добрым» (ru-RU). www.business-vector.info (1 феврали 2022).
- ↑ https://pg21.ru/page66932.
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 6 март
- Зодагони соли 1937
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 1
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 3
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 4
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Сарфарозшудагон бо медали «Ветерани меҳнат»
- Дорандагони ордени Ситораи Эфиопия
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Аввалин бонувон дар касбҳо
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Сиёсатмадорони асри XX
- Сиёсатмадорони Русия
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Номзадҳои улуми техникӣ
- Википедиа:Зиндагиномаи муосирон