Гундсолор
Гундсолор | |||||
---|---|---|---|---|---|
| |||||
Кӯтаҳнивишт | форсӣ: گندسالار | ||||
Кишвар |
![]() |
||||
Дараҷаи болотар | Лашкарсолор | ||||
Дараҷаи поинтар | Сарҳанг | ||||
Ҳамто |
Гундсолор (форсӣ: گندسالار) — дараҷае солорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарҳанг ва поинтар аз лашкарсолор дорад ва баробар бо дарёвар дар нерӯи дарёӣ аст; генерал-майор[1].
Дараҷаи поинтар: Сарҳанг |
![]() Гундсолор |
Дараҷаи болотар: Лашкарсолор |
Гундсолор дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан мақоми созмонии фармондеҳи гундро дорад, ки ягоне тактикӣ дар шохаву зершохаҳои нерӯҳои мусаллаҳ аст, ки маъмулан хурдтар аз лашкар будаву аз ду ҳанг ё чанд гурдон ташкил ёфта ва ягонҳои хурдтаре барои бароварда сохтани ниёз ба он ҳамроҳ мешаванд; тип[2]; бригада[3].
Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
«Гундсолор» яке аз истилоҳоти сипоҳи Ашкониён ва Сосониён аст ва аз ду вожа сохта шудааст: гунд (форсӣ: گند > порсии миёна: gund > паҳлавӣ: gund ‘лашкар; гурӯҳ, даста’[4] > эҳтимолан аз эронии бостон: *vr̥nda- ‘сипоҳ; гунд’[5]) + солор (форсӣ: سالار < порсии миёна: sālār < порсии бостон: *sar(a)-dāra- > эронии бостон: *sara-dāra- < паҳлавӣ: sarδār; балхӣ: σαλαρο, σαρλαρο; тухории B: salār)[5].
Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (гунд) + исм (солор)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «Солор» гунае дигар аз «сардор» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад[6][7].
Истилоҳи «гунд» дар «Шоҳнома» дар таркиби вожаи «гундовар» омада, ки Фирдавсӣ онро ба маънои «сипаҳсолор» ба кор бурдааст[5]:
Пазира шудандаш ҳама меҳтарон,
Бузургони Эрону гундоварон[8].
Ин истилоҳ аз забонҳои эронии миёна (паҳлавӣ ва порсии миёна) дар забонҳои арманӣ («gund»), гурҷӣ («gund-i») низ вом гирифта шудааст[9]. Ин истилоҳ ҳамчунин аз забони форсии дарӣ ба забони туркӣ вом гирифта шуда ва истилоҳи форсӣ-туркии «جنباشی» [ҷунбошӣ]-ро ташкил дода, ки дар сипоҳи Ғазнавиён ва Салҷуқиён фармондеҳи лашкаре аз чанд ҳазор сарбозро меномиданд[10]. Дар садаҳои миёна фармондеҳи 5 ҳазор сарбозро «панҷҳазорӣ» (форсӣ: پنجهزاری) низ мегуфтанд[7].
Истилоҳи «гунд» дар нахустин садаҳои исломӣ бо истилоҳи «лашкар» (порсии миёна: laškar) ҷойгузин шуда, ки пеш аз ислом ҳам ба кор мерафтааст. Ин истилоҳ дар забони пашту: «غونډ» [ғунд] гашта ва ҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон чунин номида мешавад[11].
Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]
Гундсолор ҳамчун мақоми низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву беварабад (порсии бостон: *baivarapati-) номида мешудаву фармондеҳи бевара (порсии бостон: *baivara-) будааст[12]. Бевара аз 10 ҳазора (порсии бостон: *hazāra-) ташкил мешуд ва 10 000 сарбозро дар бар мегирифт.
Бевара дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод — 224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[13], гунд (паҳлавӣ: gund) ном гирифта ва фармондеҳи он гунд-солор (паҳлавӣ: gund-sālār) хонда мешуд[14].
Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар гунд аз 5 дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбозро дар бар мегирифт[15]. Фармондеҳи гунд дар сипоҳи Сосониён низ гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) номида мешуд[16].
Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд. Чунончи, ар. عسکر [аскар] аз порсии миёна: laškar, ар. جند [ҷунд] аз порсии миёна: gund ва ар. فیج [файҷ] аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[17].
Бо таваҷҷуҳ ба ин пешинаву корбурд, истилоҳоти «гунд» ва «гундсолор» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «бригада» (аз фаронсавӣ: brigade > итолиёвӣ: brigata — даста) ва дараҷаи низомии «генерал-майор» (аз олмонӣ: Generalmajor) ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[18].
Нишонаҳои дараҷаи гундсолорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Нишона | ![]() Артиши Сурх |
![]() Артиши Шуравӣ |
![]() Артиши Тоҷикистон | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
гиребонӣ сардӯшӣ |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
![]() |
... (1940—1943) |
... (1940—1943) |
... (1940—1943) |
... (1941) |
нишонаи остин (мундир, кител ва пираҳан, шинел) (1940—1943) |
сардӯшии Нерӯи заминӣ (1943—1955) |
… размӣ (1943—1955) |
… ҷашнӣ Нерӯи заминӣ (1955—1991) |
… Нерӯи ҳавоӣ (1955—1991) |
… Нерӯи заминӣ (1993—) |
… Нерӯи ҳавоӣ (1993—) |
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – с. 90. 10 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Коллектив авторов. Том 1, статья «Бригада» // Военная энциклопедия / Под ред. П. С. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 576—581. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
- ↑ MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 25 январи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
- ↑ 5.0 5.1 5.2 Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-58-3.
- ↑ Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
- ↑ 7.0 7.1 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ.
- ↑ Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2007. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 3. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
- ↑ Encyclopædia Iranica, Vol. X, Fasc. 5, pp. 486-490. GEORGIA v. LINGUISTIC CONTACTS WITH IRANIAN LANGUAGES
- ↑ Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.
- ↑ Лебедев К.А., Яцевич Л.С., Конаровский М.А. Русско-пушту-дари словарь. — Москва: Русский язык, 1989. — С. 508. — 768 с. — ISBN 5-200-00700-3.
- ↑ J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 19 n. 84
- ↑ Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
- ↑ Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7. 5 январи 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 сентябри 2021.
- ↑ Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
- ↑ Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4. — p. 47
- ↑ Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
- ↑ Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной