Jump to content

Валентин Глушко

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Глушко Валентин Петрович
русӣ: Валентин Петрович Глушко
Таърихи таваллуд 20 август (2 сентябр) 1908[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 10 январ 1989(1989-01-10)[2] (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ rocket science[d] ва Q97663221?
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d] (1957)
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
 Парвандаҳо дар Викианбор

Глушко Валентин Петрович (20 август [2 сентябр] 1908[1], Одесса, губернияи Херсон[d]10 январ 1989[2], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС) — олими шӯравӣ дар соҳаи техникаи мушакӣ ва кайҳонӣ, академики АИ ИҶШС (1958), ду бор Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1956, 1961).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Университети давлатии Ленинград (1929) дар ташхисгоҳи газодинамика кор карда, бо сохтани муҳаррикҳои реактивӣ ва мушакҳои бо сӯзишвории моеъ парвозкунанда машғул буд. Нахустин дар ҷаҳон муҳаррики реактивии электрогармоӣ (1929—1933) ва нахустин дар ИҶШС муҳаррики реактивӣ бо сӯзишвории моеъ сохта, навъҳои нодири сӯзишвориҳо ва дастгоҳҳои фаъолкунандаро таҳия намудааст. Аз соли 1934 дар Институти илмию таҳқиқотии таҷҳизоти реактивӣ кор кардааст. Соли 1938 бо туҳмати ноҳақ муддати 8 сол ҳабс гардид. Дар маҳбас Валентин Глушко дар Бюрои махсуси конструктории Комиссариати халқии корҳои дохилӣ (НКВД) дар Қазон ба сохтани муҳаррикҳои реактивӣ машғул буд. Соли 1944 аз маҳбас озод шуд. Аз соли 1946 сардори Бюрои махсуси конструктории 456. Зери роҳбарии Валентин Глушко муҳаррикҳои реактивии моеӣ, ки дар зинаҳои якум ва дуввуми парвози мушакҳои шӯравӣ истифода мегардиданд, сохта шуданд.

Валентин Глушко аз соли 1974 директор ва сарконструктори Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Энергия» (ҳоло Корпоратсияи мушаксозию кайҳонии «Энергия») буд, ки дар ҳайати он Бюрои махсуси конструктории Валентин Глушко ва Бюрои конструктории С. П. Королёв муттаҳид гардиданд. Бо ташаббус ва роҳбарии Валентин Глушко системаи мушакию кайҳонии «Энергия-Буран» таҳия гардида, пурқудраттарин муҳаррики реактивии бо сӯзишвории моеъ коркунанда РД-170 сохта шуд. Валентин Глушко аз соли 1965 сарвари Шӯрои илмии «Сӯзишвории моеи мушаксозӣ»-и назди Раёсати АИ ИҶШС буд. Муаллифи асарҳои илмӣ дар соҳаи масъалаҳои такмил додани муҳаррикҳои реактивии моеӣ ва таҷҳизоти кайҳонӣ. Сармуҳаррири Энсиклопедияи «Космонавтика» ва маълумотномаҳо дар бораи хосиятҳои термодинамикию термофизикии сӯзишвориҳо, узви ҳақиқии Академияи байналмилалии астронавтика (1976).

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1957), Мукофоти давлатии ИҶШС (1967, 1984). Бо 5 ордени Ленин, орденҳои Револютсияи Октябр, Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Ба танӯраи тарафи намоёни Моҳ номи Глушко дода шудааст.

  • Ракеты: их устройства и применение. М.-Л., 1935;
  • Реактивные двигатели ГДЛ — ОКБ, М., 1975;
  • Развитие ракетостроения и космонавтики в СССР, М., 1987.
  • Глушко Валентин Петрович / Н. Қозиҷонова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
  1. 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)