Валтер Беларди
Jump to navigation
Jump to search
Валтер Беларди | |
---|---|
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 22 март 1923[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 31 октябр 2008 (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Кишвар: | |
Ҷоизаҳо: |
Валтер Беларди (итол. Walter Belardi, 22 марти 1923, Рум, Итолиё — 31 октябри 2008, ҳамон ҷо) — шарқшиноси итолиёӣ.
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи Донишгоҳи Рим (с. 1946). Дар фак-ти шарқшиносии Донишгоҳи Неапол дарс медод. Баъдан ба кафедраи забоншиносии Донишгоҳи Рим гузашт. Мутахассиси соҳаи забоншиносии ҳиндуаврупоӣ буд. Дар бораи Авесто ва адабиёти паҳлавӣ-форсии миёна мақолаҳову рисолаҳо навиштааст. Ду боби аввали «Ардавирофнома»-ро ба итолиёӣ тарҷума карда, бо тавзеҳоти муфассал ба табъ расондааст.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
Адабиёт[вироиш]
- Беларди Валтер // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.