Jump to content

Ванҷоб (дарё)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ванҷ (дарё))
Ванҷоб (дарё)
  Координатаҳо
Мавқеъ
Кишвар Тоҷикистон
Ноҳияҳо ноҳияи Ванҷ

Ванҷоб (дар баландиҳо Абдуқаҳҳор; то 31 июли 2023 — Ванҷ) — дарёест дар Помири Ғарбӣ, шохоби рости дарёи Панҷ, ки аз лозурҳои бузурги қаторкӯҳҳои Ванҷ сарчашма мегирад.

Дарозии ин рӯд 103 км, паҳноии ҳавзаи обхезаш 2070 км², миёнгини резиши обаш 50 м³/с аст. Дар ин рӯдхона нерӯгоҳи обии барқӣ сохта шудааст.

Шаҳраки Ванҷ, маркази ноҳияи Ванҷ, дар канораи ин рӯдхона ҷой дорад.