Варақсангҳои гилӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Порае аз варақсанги гилӣ
Варақсанги гилӣ, Монтана, ИМА

Варақсангҳо́и гилӣ — сангҳои маҳиндонаи метаморфӣ (дигаргунӣ), ки асосан аз маъданҳои гилӣ (ҳидромикоҳо, хлорит, баъзан каолинит, монтмориллонит ва ғайра), кварс, фелдспорҳо ва дигар маъданҳои ғайригилӣ иборат буда, ба варақаҳои алоҳидаи сатҳашон ҷилодор тақсим мешаванд.

Таркиб[вироиш]

Дар таркиби варақсангҳои гилӣ моддаҳои органикӣ, карбонатҳои аутигенӣ, сулфидҳои оҳан низ дучор меоянд. Варақсангҳои гилӣ дар марҳалаҳои ибтидоии равандҳои дигаргунӣ ба вуҷуд омада, нисбат ба ҷинсҳои кӯҳии русубӣ (таҳшинӣ) масоманокии хеле кам (1–3%) доранд ва дар об тар намешаванд. Варақсангҳои гилӣ дар натиҷаи таҳти таъсири омилҳои дигаргунӣ (фишори баланд, ҳарорат, вақти геологӣ) зичшавии гилҳо ба вуҷуд омада, аввал ба филлитҳо ва баъд ба варақсангҳои микоӣ табдил меёбанд. Варақсангҳои гилӣ вобаста ба таркибашон рангҳои хокистарӣ, сурх, сабз ва ҳатто сиёҳ доранд. Онҳо дар таркиби таҳнишастҳои ҳамаи давраҳои эраҳои мезозой, полеозой ва токембрий дучор меоянд. Варақсангҳои гилиро ҳамчун масолеҳи бинокорӣ ва барои истеҳсоли баъзе маводди техникаи барқӣ истифода мебаранд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Фербери Г. В. Структурная петрология деформированных горных пород (перевод с английского). М., 1949;
  • Геологический словарь. Т. 2. М., 1983;
  • Ҷанобилов М. Бунёди заминшиносӣ. Д., 2012.

Сарчашма[вироиш]