Jump to content

Варақсангҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Варақсанги аспидӣ (булӯрӣ)

Варақса́нгҳо — номи умумии сангҳои дараҷаи пасти метаморфизм (дигаргунӣ), ки дар онҳо минералҳои сангофар самти муайяни ҷойгиршавӣ доранд ва бо зарба ба пулакчаҳои тунуки қариб мутавозӣ ҷудо мешаванд.

Варақсангро аз рӯи дараҷаи дигаргуниашон ба ду гурӯҳ – гилӣ ва булӯрӣ ҷудо мекунанд. Варақсангҳои гилӣ асосан аз минералҳои гилӣ (ҳидромикоҳо, каолинит, хлоритҳо ё ҳатто аз монтомориллонит) иборат буда, таркиб ва сохтори чандон тағйирнаёфта доранд. Варақсангҳои гилӣ таҳти таъсири ояндаи омилҳои дигаргунӣ аввал ба филлитҳо ва баъд ба варақсангҳои микоӣ табдил меёбанд. Варақсангҳои булӯрӣ сангҳое мебошанд, ки таркиб ва сохтори аслиашон ба куллӣ тағйир ёфтаанд ва аз минералҳои гуногун (микоҳо, хлоритҳо, амфиболҳо, силлиманитҳо ва ғайра) иборатанд. Варақсангҳои булӯриро вобаста ба таркиби сангҳое, ки аз онҳо ба вуҷуд омадаанд, ба ортоварақсангҳо (аз сангҳои озарин бавуҷудомада) ва параварақсангҳо (аз сангҳои русубӣ пайдошуда) ҷудо мекунанд. Ғайр аз ин намудҳо варақсангҳоро баъзан вобаста ба минерали афзалиятдори таркибашон ба хлоритӣ, силитсиумӣ, сиритситӣ, магнетитӣ, филлитӣ, сабз ва аз рӯйи аҳаммияташон ба варақсанги бомпӯшӣ, варақсанги сӯзанда, варақсанги мисдор ва ғайра тақсим менамоянд. Варақсангро ба сифати масолеҳи бинокорӣ (варақсанги бомпӯшӣ) ва барои истеҳсоли маводи гарминигоҳдор (оташбардор) ва ғайра истифода мебаранд. Варақсанг дар таркиби таҳнишастҳои давраҳои палеозой ва токембрий бештар дучор меоянд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Геологический словарь. Ч. 2, М., 1983;
  • Ҷанобилов М., Бунёди заминшиносӣ. Д., 2012.