Василий Верешагин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Василий Верешагин
русӣ: Василий Васильевич Верещагин
Сурат
Санаи таваллуд:

14 (26) октябр 1842[1]

Мамлакат:
Санаи марг:

31 март (13 апрел) 1904[1] (61 сол)

Commons-logo.svg Василий Верешагин дар Викианбор

Bасилий Верешагин (Василий Васильевич Верещагин; 18421904) — рассом ва адиби рус, яке аз рассом–размнигорони машҳур.

Зиндагинома[вироиш]

В. Верешагин дар давраи хатми корпуси кадетии баҳрӣ

Василий Василевич Верешагин дар Череповетс (ҳоло вилояти Вологод) дар оилаи раҳбари маҳаллӣ таваллуд шудааст. Ӯ се бародар дошт. Ҳамаи онҳо дар муассисаҳои таълими ҳарбӣ мушххас шуда буданд. Хурдӣ, Сергей (1845-1878) ва Александр (1850-1909), низомии ҳирфаӣ; калони, Николай (1839-1907) — ходими ҷамъиятӣ буданд.

В. Верешагин дар вақти аввалин сафар баКавказ

Дар синни нӯҳ солагӣ дар корпуси кадетии александрӣ ва баҳрӣ таълим гирифта, курси фелдфебелии ро­таи гар­демаринро хатм кард, вале аз сабаби шавқу рағбати беандоза нисбат ба мусав­вирӣ доштанаш ва таҳаммул накардани малло­ҳӣ соли 1860 истеъфо дод.

Баъдан дар АР Петербург (1860–1863) ва Порис (1864–1865) таҳсил кард. Дар Порис назди Жерома нозукиҳои санъати рассомиро омӯхт. Марбути ҷараёни пере­движ­никҳо (рассомони сайёр) буд. Соли 1867 пеш­ниҳоди генерал-губернатори Туркистон К. П. Кауфманро дар хусуси рассоми ӯ шудан пазируфт. 2 майи 1868 баъди аз ҷониби русҳо тасарруф шудани Самарқанд Василий Верешагин ба ин ҷо омада, муҳорибаҳои даҳшатангези рус ва мардуми башӯромадаи маҳалро бо чашми сари худ мушоҳида намуд.

Ӯ дар бораи муҳо­ри­баҳои артиши рус дар Туркистон, урфу одат ва манзара­ҳои табиати ин кишвар му­саввараҳои ҷолиби бисёре кашидааст, ки бо номи «Силсилаи туркистонӣ» (1869–1873) машҳуранд. Мусав­вара­ҳои «Бангиҳо» (1868), «Кӯчаи асосии Самар­қанд» (1969–1870), «Даҳшати ҷанг» (1871), «Бигзор, дароянд», «Дар зери девори қалъа», «Тантанаи ғалаба» (1872), «Дарвозаи Темур» (1872–1873), «Савдои ғулом­бача», «Зиндони Самар­қанд» (1872) ва ғайра аз ҳамин силсила мебошанд.

Василий Верешагин дар ибтидои соли 1869 бо мадади генерал-губернатор К. П. Кауфман дар Ленинград «На­моиш­гоҳи туркистонӣ»-ро ташкил намуда, мусаввараҳои дар Тошканд, Самарқанд ва Бухоро кашидаашро ба намоиш гузошт ва баъди анҷоми намоиш боз ба Туркистон омад. Шоҳиди воқеӣ будан дар дигар муҳорибаҳои Туркистон барои офаридани мусаввараҳое чун «Бигзор, дароянд», «Даромаданд», «Муҳосира карданд», «Таъқиб мекунанд», «Ғофилгир мекунанд», ки солҳои 1871–1874 дар Мюн­­хен офарида шуда буданд, боис шуд ва ин мусав­ва­раҳо дар Аврупову Руссия ба муваффақиятҳои фавқуло­да фаровоне ноил гаштанд.

Затем Верещагин почти два года живёт в Индии, выезжая также в Тибет. Весной 1876 года художник возвращается в Париж.

Василий Верешагин дар ақсои Руссия бисёр сафар карда, дар ҷанги Русу Туркия (1877–1878) ширкат дошт ва давлатҳои Аврупо, Ҳиндустон, ИМА, Филиппин, Куба, Ҷопонро дид.

Ӯ ҳамчунин «Силсилаи Балкан» (1878–1880) ва «Силсилаи ҷанги ватании 1812»-ро (1887–1904) эҷод кардааст. Суратҳо ва ангораҳои сафарии Василий Верешагин беҳтарин на­мунаҳои ориентализм буда, дар зебоӣ саршор аз тааҷҷуби романтикианд. Баръакс, тасвирҳои ба манзараи ҷанг бахшидаи Василий Верешагин бо танқиди сахт оқибатҳои фоҷиа­бори ҷангро фош месозанд. Солҳои 1899–1900 силсилаи «Наполеон дар Руссия»-ро эҷод кард, солҳои 80 асри 19 чандин бор ба мавзӯъҳои Инҷил рӯй овард.

Дар ҷанги Русу Ҷопон (1904–1905) дар наздикии Порт-Артур ҳангоми таркидани киштии зиреҳпӯши «Петропавловск» ҳалок гардид.

Оила[вироиш]

  • Занаш аз соли 1871 — Элизабет Мария Фишер (Рид), — Елизавета Кондратевна
    • духтар — Клавдия
  • 2-юм зан — Лидия Василевна Андреевская (1865—1912?)
    • Лидия (1880—1896)
    • Василий (1892—1981)
    • Анна (1895—1917)
    • Лидия (1898—1930)[2]

Асарҳои рассомӣ[вироиш]

Коргоҳи В. В. Верешагин дар хонааш дар Нижние Котлы
  • Туркестанская серия
  • Наполеон в России (Верещагин)
  • серия «Варвары»: «Высматривают» (1873), «Нападают врасплох» (1871), «Окружили — преследуют…» (1872) «Представляют трофеи» (1872), «Торжествуют» (1872).
  • «Религиозная процессия на празднике Мохаррем в Шуше» (1865)
  • «Улица в деревне Ходжагенте» (1868)
  • «Бывшее укрепление Кош-Тигермень» (1868)
  • «Ход в зиндан (подземная тюрьма) в Самарканде» (1868)
  • «Въезд в город Катта-Курган» (1868)
  • «После неудачи (Побеждённые)», 1868, ГРМ
  • «Развалины театра в Чугучаке» (1869)
  • «Киргизские кибитки на реке Чу» (1869)
  • «Нищие в Самарканде» (1870)
  • «Политики в опиумной лавочке. Ташкент» (1870)
  • «Дервиши в праздничных нарядах. Ташкент» (1870)
  • «Хор дервишей, просящих милостыню. Ташкент» (1870)
  • «Апофеоз войны» (1871), ГТГ
  • «Двери Тимура (Тамерлана)» (1871—1872), ГТГ
  • «Мавзолей Тадж-Махал в Агре» (1874—1876), ГТГ
  • «Жемчужная мечеть в Агре» (1874—1876), ГТГ[3]
  • «Шипка-Шейново. Скобелев под Шипкой» (1878—1879) ГТГ
  • «После атаки. Перевязочный пункт под Плевной» (1881), ГТГ
  • «В турецкой покойницкой» (1881)
  • «Подавление индийского восстания англичанами» (ок. 1884)
  • Цветная гравюра «Наполеон в Кремле» (хранится в Музее-квартире А. М. Горького (Нижний Новгород)

Осор[вироиш]

В. В. Верешагин муаллифи чандин повесту ёддошт буда, аз ҷумла зери қалами  12 китоб, мақолаҳои зиёд, ҳамчун дар расонаҳои ватанӣ ва ҳам хориҷӣ.

Баъзе аз мунташирот:

Нигористон[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Верещагин Василий Васильевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  2. Летописец своей эпохи — художник В. В. Верещагин // Верещагины. «России славу умножая…» : [альбом / авт.-сост. О. П. Починюк; редакц. совет: Е. Н. Рачкова (гл. ред.) и др.; вступ. ст.: В. Е. Позгалев]. — СПб.: Северославянское бюро рекламы, 2008. — 143 с.
  3. Моти Масджид («Жемчужная мечеть») в Агре. 1874—1876.

Адабиёт[вироиш]

  • Мак-Гахан В. Верещагин в Америке // Новости и биржевая газета. Изд. 1. — № 324. — 23 ноября. — 1888.
  • Верещагин В. Детство и отрочество художника. — Т.1. — М., 1895
  • Верещагин В. В. Воспоминания сына художника. — Л.: Художник РСФСР, 1978
  • Володарский В. Василий Верещагин. — М.: Белый город, 2000
  • Дёмин Л. М. С мольбертом по земному шару. Мир глазами Верещагина. — М.: Мысль, 1991.
  • Дорошевич В. М. Верещагины: Биогр. очерк. — СПб.: тип. Манасевича, 1913. — 15 с., 1 л. портр.
  • Игнатова Е. Братья // Василиев остров. — Череповец, 1993
  • Лебедев А. К. В. В. Верещагин. Жизнь и творчество. — М., 1958.
  • Лебедев А. К. В. В. Верещагин. Жизнь и творчество. М., 1972.
  • Лебедев А. К., Солодовников А. В. Василий Васильевич Верещагин. — Л.: Художник РСФСР, 1987
  • Брюханова Е. В. В. В. Верещагин и Ростов // Сообщения Ростовского музея. Выпуск 5. — Ростов, 1993. — С. 140-152.

Пайвандҳои беруна[вироиш]