Зиндон
Зиндон (زندان) маҳбас, ҳабсхона — маконе, ки дар он гунаҳкорону бандиён нигаҳдорӣ мешуданд.

1. Зиндон ҷойест, ки дар онҷо ба асир афтодагон ва ё ғуломонро нигоҳ медоштанд. Зиндон бештар дар замин кофта мешуд.
2. Зиндон — ҷоест, ки бандиёнро нигоҳ медоранд, маҳбас. Дар гузашта хоси мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла аморати Бухоро ва хонигариву бекигариҳои Осиёи Миёна буд. Маъмурияти зиндон аз зиндонбон, мирзо ва ясавулҳо иборат буд. Бештар зиндонро зери қаср ва кӯшки ҳоким мисли чоҳ дар чуқурии 5-7 метр месох- танд. Дертар биноҳои махсус бунёд ёфтанд, ки чанд зиндон доигг. Дар баъзе мамлакатҳо, аз ҷумла дар хонигарни Хева аз сабаби сернамй зиндонро дар рӯи замин месохтанд, ки он шакли гумбазро дошт. Даҳшатноктарини зиндон дар аморати Бухоро буд. Бинои он дар шимолу шарқнн Бухоро воқеъ аст. Зиндони Бухоро дар теппаи майдони шаҳристони қадим воқеъ бошад ҳам, бинои он асри 18 дар аҳди ҳукмронии Манғитиён аз хишти пухта сохта шудааст, ки аз чанд хонаи беравзана ва дарвозаи рӯ ба ҷануб иборат буд. Дар ҳавлии зиндони Бухоро ҳуҷраи зиндонбон, барои маҳбусони сиёсӣ ва ба марг маҳкумшуда хонаю ҷойҳои махсус мавҷуд буданд. Зиндони Бухоро обхона, канахона ҳам дошт. Дар он шуъбаи музеи кишваршиносӣ ва таърихшиносии Бухоро ҷой гирифтааст. Дар баъзе мамлакатҳои Шарқ ҳозир ҳам маҳбасҳои ба зиндон монанд мавҷуданд. Дар Ҳисор, Душанбе ва вилоятҳои дигари Бухоро низ зиндонҳо буданд.[1]
Дар пойтахти Аморати Бухоро ду зиндон: боло ва поин мавҷуд буд. Зиндони поини Бухоро чоҳи амиқ буд. Зиндони боло дар майдони шаҳристони қадими Бухоро ба шакли бинои махсус, аз хишти пухта бунёд шуда, чанд утоқ (обхона, регхона, канахона ва нағорахона) ва дарвозаи рӯ ба ҷануб дошт. Моҳе як ё ду бор маҳбусонро ба майдони Регистон мебароварданд ва амир ҳукми ҷазои онҳоро муайян мекард. Ба қавли Хаников Н. В. баъзан дар фасли зимистон бандиён пойи луч болои барф рост истода, соатҳо омадани амирро интизор мешуданд. Ҳоло дар бинои мазкур шуъбаи Осорхонаи кишваршиносӣ ва таърихии Бухоро фаъолият мекунад. Зиндони бекии Ҳисор се чоҳ дошт ва бандиён вобаста ба гуноҳи содиркардаашон дар онҳо ҷой карда мешуданд. Зиндонҳои Душанбе, Кӯлоб ва Ғарм аз як чоҳи амиқ иборат буд ва атрофашон девори похсагин дошт. Рӯшноӣ ба зиндон аз равзанаҳои девори атроф дохил мешуд. Боми баъзе зиндонҳо бо шохи дарахтон, қамиш ва пахол пӯшида шуда, қабати болоияшон андоваи гилӣ дошт. Зиндониён дар шароити тоқатфарсо зиндагӣ мекарданд, ҳавои дохили зиндон ба воситаи равзанаҳо тоза мешуд. Баъзе зиндонҳо макони ҳар гуна ҳашарот буданд. Шабона ба пои маҳбусон завлонаи умумӣ зада мешуд ва онҳо 12 соат наҷунбида ба тахтапушт мехобиданд. Муҳлати озод шудани зиндониён маълум набуд, танҳо хешу ақрабояшон бо додани фидя метавонистанд бандиёнро озод кунанд. Дар Осиёи Марказӣ баъди таъсис ёфтани генерал-губернатории Туркистон (1867) ва сарнагуншавии Аморати Бухоро (1920) ба ҷои зиндонҳо маҳбусхонаҳо ташкил ёфтанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 173