Jump to content

Василий Грязев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Василий Грязев
Таърихи таваллуд 4 март 1928(1928-03-04)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1 октябр 2008(2008-10-01) (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
Order "For Merit to the Fatherland", 2nd class Order "For Merit to the Fatherland", 3rd class ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр
Ҷоизаи давлатии СССР

Грозев Василий Петрович (4 март 1928, Тула[d], ИҶШС1 октябр 2008, Тула[d]) — конструктори аслиҳаи автоматии артиллерӣ ва тирандозӣ, доктори илмҳои техникӣ (1971), профессори Донишгоҳи давлатии Тула, узви Академияи муҳандисӣ ва Академияи илмҳои мушаксозию артиллерии Русия, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1984), муассиси мактаби илмӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Институти механикии Тула (1951) дар соҳаи саноати техникаи мудофиавӣ кор кардааст. Асарҳои Г. ба тарҳрезӣ ва таҳқиқи аслиҳаи автоматии артиллерӣ ва тирандоз бахшида шудаанд. Ӯ ихтироъкор ва роҳбари лоиҳаи сохтани беш аз 30 намуди тӯпҳои автоматии зудпаррони (аз ҷумла, бисёрмилаи) ГШ (Грязев — Шипунов), дастгоҳҳои тирандози БМП-3, аслиҳаҳои тирандозӣ ва шикорӣ барои Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ ва Русия (бо ҳамроҳии А. Г. Шипунов) буд.

Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1968, 1976), Мукофоти давлатии Федератсияи Русия (1998, 1999). Бо орденҳои Ленин, Инқилоби Октябр сарфароз гардидааст.