Ватан

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Ватан Ватан (ар. – зодгоҳ, ҷойи нашъу намо),

  1. диёр, кишвар, мамлакат ва сарзамине, ки кас дар он таваллуд шудааст;
  2. сарзамине, ки бо сарватҳои табиӣ, аҳолӣ, сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, хусусиятҳои забон, маданият, урфу одат ба соҳибватанон таърихан тааллуқ дорад.

Дар гузашта мазмун ва мундариҷаи Ватан танг буда, масъалаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ғараро дар бар намегирифт.[1]


Ватан барои соҳибватанон азиз дар дилу дида ҷо гардидаву зебою бузург ва якто мебошад. Ватан замини зархез, боду ҳавои рухнавоз, обҳои софу зулол ва куҳҳои сарбафалаккашида дорад, ки даъвогари тану қалби ҳазорон мардони шуҷоатманд гаштааст. Ватан ба мо болу пар медиҳад, то дар самояш озодона болу пар зада, барои гул-гулшукуфоии он саҳми арзанда гузорем!

Порчаҳои шеър дар васфи Ватан[вироиш]

Дар роҳи ватан мурдан зиндагист
Мурдан зиндагонӣ дар бандагист
Мафурӯш обрӯи ватанро зи тарси ҷон
Номи абад ба ҳиммати мардӣ харид кун
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем
Ватан вақте ки амри модарӣ дод
Ба ҷо орандагонро шараф бод[2]

Кишвари ман-Модари ман

Чашмаҳоят – чашмаи шеъру суруд,
Қуллаҳоят – садри пайғому дуруд,
Хоки покат – соҳати буду набуд –
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
Ояд аз ҳар санг гулбонги рубоб,
Дар сари ҳар кўҳ хандад офтоб,
Бишнавам аз ҳар гулат бўи шабоб,
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
Бишнавам аз ҳар даре шеъри дарӣ,
Аз ҷаҳонороиву одамгарӣ,
Аз тамоми қуллаҳо болотарӣ,.
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.
Ҷони ман қурбони ғамҳои ту бод!
Шеъри ман ҳамдасту ҳампои ту бод!
Рўҳи ман ҳамроҳи фардои ту бод!
Тоҷикистон, кишвари ман,
Модари ман, модари ҷонпарвари ман.

Лоиқ Шералӣ[3]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 192
  2. [http://donish.mihanblog.com/post/802 Шеърҳо дар васфи Ватан ]
  3. Кишвари ман-Модари ман