Вафо Назаров
Jump to navigation
Jump to search
Вафо Назаров | |
---|---|
Вафо Назаров | |
![]() Вафо Назаров | |
Таърихи таваллуд | 6 май 1940 (82 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Шӯробод |
Вафо Назаров (6 майи 1940, деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯробод, вилояти Кӯлоб) — мусаввир, узви Иттифоқи рассомони СССР, узви Иттифоқи журналистони СССР, узви Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО, Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (1982), Рассоми халқии Тоҷикистон
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Вафо Назаров — 6 майи соли 1940, дар деҳаи Девдараи ноҳияи Шӯрободи вилояти Кӯлоб (вилояти Хатлон ба дунё омадааст.
- 1955—1960 — хонандаи Омӯзишгоҳи рассомии ш. Душанбе,
- 1958—1960 — оғози фаъолияти меҳнатӣ ба сифати коргари сохтмони манораи телевизион,
- 1960—1963 — рассом-таҳиягари Телевизони Тоҷикистон,
- 1963—1966 — хидмати ҳарбӣ дар сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи СССР,
- 1966—1972 — донишҷӯи Институти театр, мусиқӣ, кинематография ва телевизиони шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург),
- 1972—1981 — саррассоми студияи Телевизони Тоҷикистон,
- 1981 — Раиси раёсати Фонди бадеии Тоҷикистон ва ҷонишини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон иштихоб шудааст,
- 1968 — ба узвияти Иттифоқи рассомони СССР пазируфта шудааст,
- 1973 — ба узвияти Иттифоқи кинематографистони СССР пазируфта шудааст,
- 1984 — ба узвияти Иттифоқи журналистони СССР пазируфта шудааст,
- 1996 — ба узвияти Ҷамъияти рассомон-графикҳои ЮНЕСКО қабул кардаанд,
- 1997 — ҷонишини Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Раиси Бунёди рассомони Тоҷикистон,
- 2006 — саррасоми ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб,
- 2009 — Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон пазируфта шудааст,
- 2011 — бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст,
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- медалҳои «Фонди сулҳи СССР» (1985) «Барои меҳнати шоён», «Меҳнати шоиста», «Ветерани меҳнат» «20-солагии Ғалаба», «30-солагии Ғалаба», «100-солагии зодрӯзи В. И. Ленин» (1996),
- 1985 — бо унвони фахрии «Арбоби шоистаи санъати ҶШС Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.
- 1997 — унвони фахрии «Рассоми халқии Тоҷикистон» дода шудааст.
- 2002 — дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои офаридани силсилаи асарҳои санъати тасвирии «Диёри нозанинам — Тоҷикистон».
- 2005 — бо Ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шудааст.
- 2009 — бо Ифтихорномаи Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонидаанд.
- 2010 — ба унвони фахрии академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон шарафёб гардидааст.[1]
Асарҳои Вафо Назаров[вироиш | вироиши манбаъ]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Муаррифии китоби «Дарсҳои Вафо Назаров» Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016 сол.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ А. Абдуҷабборов. Дарсҳои Вафо Назаров. — Душанбе, 2012, с. 8
Гурӯҳҳо:
- Зодагони 6 май
- Зодагони соли 1940
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон дар Викианбор
- Рассомон аз рӯи алифбо
- Рассомони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Академияи мусаввирии Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Арбобони ҳунари Тоҷикистон