Вақоеи ғароиб
«Вақоеи ғароиб» (форсӣ: وقایع غرایب) — асари ҷуғрофиёии муаллифи номаълуми садаи XVI, ки дар жанри космографии «аҷоибот» таълиф шудааст.
Маълумоти пурарзиши ҷуғрофиёӣ (тавсифи офатҳои табиӣ ва унсурҳои таркибии он — об, хок. оташ, ҳаво; тавсифи ҳафт сайёра ва бурҷшиносӣ, маъданшиносӣ, одамшиносӣ ва физиологияи одам маводди ҷолиб гирдоварӣ шуда, инчунин тавсифи олами набототу ҳайвоноти минтақаҳои гуногуни ҷуғрофиёӣ, тасвири баъзе офатҳои табиӣ (заминларза, сангфуроӣ (чарха) ва ғайра) хеле батафсил дода шудаанд. «В. Ғ» ҷанбаи таснифӣ дошта, ба маълумоти маъхазҳои ҷуғрофиёии асрҳои 10-11 («Аҷоибу-л-булдон», «Мухтасару-л-ғароиб», «Аҷоибу-л-махлуқот», "ал-Масолик ва-л-мамолик " ва ғайра) асос ёфтааст. Маълумоти таърихию ҷуғрофиёӣ ва мардумшиносӣ, ки оид ба шаҳру вилоятҳои Мовароуннаҳр (Хоразм, Фарғона, Хатлон, Бадахшон, Самарқанд, Бухоро, Тирмиз, Марв ва ғайра) ва аҳолии он оварда шудааст, барои омӯзиши таърихи тамаддуни асрҳои миёнаи Осиёи Марказӣ аҳаммияти бузург дорад. Дастхатти ин асари нодир дар Ганҷинаи дастнависҳои Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Каталог восточых рукописей АН Таджикской ССР. Т. 1. Сталинабад, 1960.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вақоеи ғароиб // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |