Вақте, ки болои шаҳр борон мерехт
Вақте ки болои шаҳр борон мерехт, филми ҳунарии коргардон Раҷабалӣ Пиров мебошад, ки доир ба ишқи нокому зиндагии бардурӯғи ду оилаи ҷавон нақл мекунад. Филм соли 2006 ба рӯи синамо баромада, дар он нақшҳои асосиро Хуршед Мустафоев, Шаҳноза Ҷобирова, Дилбар Шарифова ва Маъруф Ноёфтов бозидаанд. Филм таҳти мусиқаи оҳангоз Далер Назаров садо медиҳад.
Тарҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Марду зане дар зери борони шадид даруни мошин ишқварзӣ мекунанд. Зан дар ҳарос аст, ки дер шудаасту шавҳарашу духтараш ӯро дар хона интизоранд. Мард бошад, ӯро бовар мекунонад, ки ҳеч боке нест. Аз ҷониби дигар Мурод, шавҳари он зан (Рухшона), бо духтараш дар хона ва Манижа (зани марди ошиқ - Маъруф) бо писараш, ки бемор аст, дар хонаи худ интизори омадани ҳамсарашон ҳастанд. Мурод ба духтараш мефаҳмонад, ки натарсида дар хона нишинад, ӯ рафта модарашро пайдо хоҳад кард.Ба берун баромада мошини табобатхона ва ҳамсояашро мебинад, ки ҳамин ҳозир майити модарашро , ки духтурон натавонистаанд наҷот диҳанд, ба хона овардааст.
Вақет ки Неъмат ба хона баргаштанӣ мешавад, мошинаш дар лой баста мешаваду пас аз чанд таккон ҳар ду бо Рухшона дар даруни мошин ба ҷар сарозер меафтанд...
Дар нақшҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |