Хуршед Мустафоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Хуршед Мустафоев
Таърихи таваллуд: 5 сентябр 1978(1978-09-05) (42 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша
IMDb: ID 8561357

Хуршед Мустафоев (тав. 5 сентябри 1978[1], ҶШС Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

Зиндагинома[вироиш]

Хуршед Мустафоев соли 1999 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро хатм карда, чанд муддат дар театри «Аҳорун» фаъолият намудааст. Аз соли 2002 кори худро дар театри русии ба номи Маяковский идома медиҳад. Бо нақшҳои офаридааш дар театру синамои тоҷик дар байни мардум маъруф аст. Бо чандин ҷоиза ҳам сарфароз гардидааст. Ахиран, дар «Парасту»- и имсола ӯ барои иҷрои нақши Шайтон дар намоиши «Гуноҳи Қобил» чун беҳтарин иҷрокунандаи нақши лаҳзавӣ эътироф гардид[2].

Оила[вироиш]

Хуршед Мустафоев муддати 9 сол бо ҳунарпешаи театр Мунира Дадаева зиндагии якҷоя доштанд[3].

Эзоҳ[вироиш]

  1. Хуршед Мустафаев. www.kinoart.tj. Киноарт. 11 феврали 2019 санҷида шуд.
  2. Хуршед Мустафоев: "Мо коргардони хуб надорем" - РӮЗГОР. ruzgor.tj. 20 июли 2018 санҷида шуд.
  3. Мубориз Усмонов. #5 Imshab LIVE бо Хуршед Мустафоев. YouTube (17 феврали 2019).