Ваҳиди Дастгирдӣ
Таърихи таваллуд: | 1880[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 29 декабр 1942[1] |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, адиб, рӯзноманигор |
Забони осор: | форсӣ |
Ҳасан Ваҳиди Дастгирдӣ (форсӣ: حسنِ وحیدِ دستگِردی; 1880[1], Дастгирд[d] — 29 декабр 1942[1], Теҳрон) — яке аз шоирон ва суханварони Эрон. Ӯ аз Аҳмадшоҳи Қоҷор лақаби султонушшуаро дарёфт карда буд[2].
Фаъолияти адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оғози неҳзати машрутият ба ҷиргаи озодихоҳон пайваст ва шеърҳоеву мақолаҳое дар ин замина дар рӯзномаҳои Исфаҳон мунташир мекард. Дастгирдь дар оғози Ҷанги ҷаҳонии аввал, рӯзномаи «Дирафши Ковиён»-ро дар Исфаҳон мунташир намуд. Ӯ ҳамчунин бо рӯзномаҳои «Парвона», «Зояндарӯд» ва «Муфттиши Эрон» низ ҳамкорӣ мекард. Дар 1338 қамарӣ ба Теҳрон омаду Анҷумани адабии Эрон ва Анҷумани адабии ҳаким Низомиро таъсис кард ва ҳамчунин дар соли 1298 хуршедӣ маҷаллаи адабии «Армуғон»-ро дар Теҳрон таъсис кард, ки муддати бисту ду сол (бо фавосил) мунташир мешуд. Дар ҳамин даврон ҷаласоти дарсу баҳс доир кард ва китобҳои бисёре тасҳеҳу таҳия ва чоп кард. Ваҳид дар авоили вуруди худ ба Теҳрон дар ҳалқаи муридони Сафиалишоҳ даромад. Вай муддате дар Идораи интибоъоти вазорати маориф машғули кор шуд. Ваҳиди Дастгирдӣ дар шеър ибтидо «Ламъа» тахаллус мекард, вале баъдҳо тағйири тахаллус дод.