Jump to content

Ваҷабпарак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваҷабпарак — навъе аз бозии халқии бачагонаи тоҷикӣ.

Ин бозӣ дар байни бачагони водии Зарафшон, Хуҷанду Истравшан, Исфараву Конибодом ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон маъмул аст. Бозии ваҷабпарак дар майдончаҳо, заминҳои ҳамвор, толори варзиш ва дигар ҷойҳо гузаронида мешавад. Барои бозӣ инчунин регреза ва ё аррамайда лозим аст. Ба ин бозӣ бачагони синни гуногун машғул мешаванд. Барои бачагони 5-8-сола варианти сода ва барои бачагони калонсолтар варианти мушкилтари бозӣ вуҷуд дорад. Бачагон ду нафарро ҳамчун ёвар интихоб мекунанд. Онҳо дар масофаи муайян ба замин рӯбарӯ нишаста, пойҳои худро каме мекушоянд ва кафи пойҳояшонро ба кафи пойи якдигар ҷафс карда мерасонанд. Бачагони дигар бо навбат давида омада, аз болои пойҳои ёварон ба дарозӣ меҷаҳанд. Дар ҷойе, ки баъди ҷаҳидан пой мегузоранд, рег ё аррамайда рехта мешвад, то ки пойҳои бозигарон озор наёбад. Вақте ки ҳама ҷаҳида ин даврро бехато иҷро карданд, бозӣ аз сари нав оғоз мешавад. Ин дафъа ёварон пойҳояшонро каме кушодтар мекунанд. Агар пойи бозигаре ба пойи ёварҳо расад, ё ки бозигар аз ҷойи нишонашуда наҷаҳад, мағлуб ҳисоб мешавад ва ӯ яке аз ёваронро иваз менамояд.

Варианти дигари он аз ҷониби бачагони 8-11-сола бозӣ карда мешавад. Ширкаткунандагон дар ин тарзи бозӣ ба баландӣ меҷаҳанд. Ёварҳо ҳамон гуна рӯбарӯ ба замин нишаста, кафи пойҳояшонро ба кафи якдигар ҷафс карда, зонуҳояшонро андаке қат мекунанд. Бозигарон бо навбат давида аз болои пойҳои онҳо меҷаҳанд. Пас аз анҷоми давраи якум ёварҳо ваҷабҳои худро ба болои пойҳояшон мегузоранд ва «монеа»-ро баландтар месозанд. Бачаҳо боз ба ҷаҳидан шурӯъ мекунанд. Давраи сеюми бозӣ боз ҳам мушкилтар мешавад. Ёварон ресмонеро аз ду тараф дошта меистанд. Ширкаткунандагони бозӣ аз болои ресмон меҷаҳанд. Дафъаи дигар ёварон ресмонро баландтар мекунанд. Ҳар касе, ки аз болои он ҷаҳида натавонад, аз бозӣ берун мешавад. Бозигаре, ки бехато аз болои ресмон дар баландиҳои гуногун меҷаҳад, ғолиб шуморида мешавад.

  • Турсунов Н. Бозиҳои серҳаракати тоҷикӣ. Д., 1961.