Ваҷд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ваҷд (ар. وجد‎) — дар тасаввуф вориде аст, ки аз Ҳақ бар дил расида, ботинро бо пайдоиши кайфияте чун ҳузн ё фараҳ дигаргун месозад; ҳолати тараб аст, ки аз шуҳуди Ҳақ барои солик ҳосил мешавад; ҳолати байни ҳушёрӣ ва ноҳушёрӣ аст, ки бе ҷаҳду машаққат бар қалби солик расида, ӯро аз шуҳудаш ғоиб месозад: гӯё мисли барқест, ки медурахшаду дарҳол хомӯш мешавад.

Орифон бар ин назаранд, ки чун чизе аз аҳволи он ҷаҳон бар солик ошкор шавад, ё ҳоле миёни солик ва Худо бар сирри банда зоҳир гардад, гоҳ аз бими азоб, гоҳ аз ғами фироқ, гоҳ аз сӯзиши шавқ ва дарди ишқ ба изтироб меафтад, ки ғолибан осори хориҷӣ, аз қабили оҳу нола, бонгу хурӯш ва ашку гиря ҳамроҳ дорад.

Аҳли тасавввуф дар боби чигунагии ваҷд ихтилофи назар доранд. Абунасри Сарроҷ дар «ал-Лумаъ фи-т-тасаввуф» (Китоби ёздаҳум. Ваҷд.) ихтилофи раъйи суфияро дар боби ҳақиқати ваҷд зикр кардааст. Аз ҷумла, ба қавли Амр ибни Усмони Маккӣ, чигунагии ваҷд ба иборат дарнамеояд, чунки ваҷд рози Худованд дар ботини муъминони соҳибяқин аст. Ҷунайди Бағдодӣ бо истинод ба оёти қуръонӣ (2:110; 18:49) ваҷдро рӯёрӯӣ арзёбӣ мекунад. Ба қавли ӯ, ҳар чӣ дил бо он рӯёрӯ шавад аз ғаму фараҳ, онро ваҷд мегӯянд. Ба қавли Абдуллоҳи Ансорӣ, ваҷд «оташест афрӯхта миёни санги ихтиёр ва оҳани ниёз» ва бар се ваҷҳ аст: ваҷди нафс, ваҷди дил ва ваҷди ҷон. Ваҷди нафс маънавӣ буда, ба ақл таъсир мегузорад ва сабрро рабуда, ниҳонҳоро ошкор месозад. Ваҷди дил ҳам маънавӣ буда, тоқат ва сабру қарорро аз байн мебарад, кас доду фарёд карда, ҷома медарад. Ваҷди ҷон аз ҷониби Ҳақ буда, нафс дар Ҳақиқат ғарқ шавад ва ҷон оҳанги буридан кунад.

Ваҷдро биниши дилҳо, мукошафаи ҷилваҳои Худо, дарёфти ҳамаи чизҳое, ки дар зоҳир ба назар намерасанд, нахустин гом аз дараҷоти баргузидагон, меваи имон ба ғайб низ гуфтаанд. Нахустин мартабаи онро рафъи ҳиҷобҳо, мушоҳидаи рақиб, огоҳии дил, гуфтугӯ бо роз ва унс бо аздастдодаҳо донистаанд. Сабаби маҳрумият аз ваҷд худбиниҳо ва тааллуқ ба алоиқу асбоб дониста мешавад; ҳар гоҳ кас аз ин асбоб бибурад, ёди Худоро холисона ба забон орад ва дилашро пок намуда, софу равшан шавад, панд дар ӯ асар намояд, дар ҷойгоҳе хилват аз муноҷот лаззат бибарад, ваҷд ро дарёфтааст.

Маншаи ваҷдро суфия риққати қалб медонанд ва онро мулозими андӯҳ мешуморанд. Изҳори бонгу нолае, ки иборат аз ваҷд аст, «тавоҷуд» хонда шуда, дар ҳосилшавии ваҷди воқеӣ ва таҳияи асбоби он муассир ба шумор меравад. Соҳиби ваҷд касест, ки ҳанӯз аз ҳиҷоби сифоти нафсонӣ берун наомада, ба вуҷуди худ аз вуҷуди Ҳақ маҳҷуб бошад; гоҳ фурҷае дар ҳиҷоби вуҷуди ӯ падид омада, аз он ҷо партаве аз нури вуҷуди Ҳақ бар ӯ метобад ва онро дармеёбад; баъд аз он дигарбора ҳиҷоб пӯшида шуда, мавҷуд (дарёфта) нопадид мегардад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Али-заде А. А. Ваджд // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8.
  • Ваҷд / С. Маҳмадуллоҳ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.