Ваҷҳ
Ваҷҳ дар равоншиносӣ — сабаби зоҳиршавии рафтор ва фаъолияти одам.
Ваҷҳ муносибати субъективии одамро ба рафторе ифода менамояд, ки онро хоҳиши иҷро намудан дорад. Ваҷҳ унсури муҳимтарини равоншиносии шахс буда, онро дар таърихи равоншиносӣ аз мавқеъҳои гуногуни илмӣ шарҳ додаанд: 1) ангезаи фаъолият, ки ба қаноатмандии шахс вобаста аст; маҷмӯи шароити дохилӣ ва берунӣ, ки шахсро ба фоъолият водор менамоянд ва самти фаъолияти ӯро муайян мекунанд; 2) ашёи моддӣ ва маънавие, ки фаъолиятро барангехта, ба худ равона месозанд; мақсади онҳо аз он иборат аст, ки бо ёрии ваҷҳ талаботҳои муайяни шахс қонеъ гарданд; 3) сабабҳои даркшаванда, ки асоси интихоби амалу рафтори шахсро ташкил медиҳанд. Манбаи инкишофи ваҷҳ дар инсон арзишҳои моддию маънавии беҳудуди иҷтимоӣ мебошанд. Дар онтогенез (инкишофи фардии организм) чунин ваҷҳҳои муҳим арзишҳо, шавқу ҳавасҳо ва ормонҳое мебошанд, ки дар сурати аз тарафи шахс аз худ карда шуданашон ба қувваи водоркунандаи воқеӣ табдил меёбанд. Ин ваҷҳҳо вазифаи маъниофариниро иҷро мекунанд, яъне онҳо ба воқеияти дар шуури фардӣ инъикосшуда маънии шахсӣ медиҳанд. Вазифаи маъниофаринӣ бо назорати самти умумии фаъолияти шахс алоқаманд аст. Назорат тавассути «ислоҳкунии эҳсосотӣ»-и рафтор амалӣ мегардад (А. В. Запорожес); эҳсос маънии шахсии ҳодисаҳои рухдодаро баҳо медиҳад. Маъниву мазмуни натиҷаи фаъолият ба хусусияти ваҷҳ вобаста аст. Мас., агар хонанда барои гирифтани баҳо хонаду ба донишомӯзӣ шавқу ҳавас зоҳир накунад, он гоҳ раванди донишомӯзӣ дар оянда аз ӯ ҷаҳду кӯшиши бисёри мунтазамро талаб мекунад. Ташаккули сифатҳои шахс низ то андозае ба ваҷҳи фаъолият вобаста аст. Равоншинос Г. Асеев ба мафҳуми ваҷҳ ҳама намудҳои ангезаҳо (талабот, шавқу ҳавасҳо, майлу хоҳишҳо, мақсадҳо, ормонҳо ва ғ.), ваҷҳ Н. Мясишев «муносибат», ваҷҳ И. Селиванов ҷаҳду кӯшишҳо, тасаввурот, афкор ва ҳиссиётро дохил кардаанд. А. Н. Леонтев ваҷҳро аз мақсад ҷудо карда, дар айни замон алоқамандии онҳоро таъкид менамояд: мақсади иҷрои ҳамон як амал аз ҷониби шахс ҳар навъ фаҳмида мешавад ва ин марбут ба он аст, ки асоси онро кадом ваҷҳ ташкил додааст. Г. Розенфелд аҳаммият, мақсад ва самти ваҷҳро ба асос гирифта, ваҷҳҳои омӯзиширо ҷудо кардааст, ба монанди омӯзиш ҳамчун шодии амал кардан (шодӣ аз кор, аз ҳалли масъала, муошират бо дӯстон ва ғ.), омӯзиш ҳамчун кӯшиши ба даст овардани фоидаи шахсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва ғ. Л. И. Божович ва Г. М. Якобсон ваҷҳҳои таълимию маърифатиро таҳқиқ карда, онҳоро ба васеъ (адои қарз дар назди ҷамъият, синф, муаллим, волидайн, худмуайянкунӣ ва ғ.) ва маҳдуд (кӯшиши аз тарафи муаллимон, волидайн, ҳамсинфон таҳсину офарин шунидан, баҳои аъло гирифтан, дар байни рафиқон мавқеи мувофиқу сазоворро ба даст овардан ва ғ.) ҷудо кардаанд.
Фаъолияти одам метавонад дар як вақт чанд ваҷҳ дошта бошад. Дар ин ҳолат яке аз ваҷҳҳо асосӣ буда, ваҷҳҳои дигар тобеанд ва нақши батанзимдарории иловагиро иҷро мекунанд. Хусусияти ваҷҳҳои асосӣ аз он иборат аст, ки онҳо ғайр аз вазифаи барангехтан ва равонасозии фаъолият, ба фаъолият, объектҳо ва шароити он мазмуни субъективӣ, шахсӣ медиҳанд. Ваҷҳҳо метавонанд байни худ ва бо шароитҳои берунӣ муносибатҳои гуногун дошта бошанд: якдигарро қувват бахшанд ё суст кунанд, бо ҳамдигар ва бо имконоти воқеии иҷрои амал зид бошанд. Бинобар ин ваҷҳият аксар вақтҳо амали мураккабест, ки таҳлилу баҳодиҳии алтернативаҳо, интихобу қабули қарорро талаб мекунад. Мушкилии ин раванд аз ҷиҳати равоншиносӣ дар он аст, ки на ҳамаи ваҷҳҳои воқеӣ аз ҷониби шахс дар вақташ, яъне ҳангоми тайёрӣ ва иҷрои амал дарк карда мешаванд; бисёр вақтҳо онҳо худро фақат баъди он дармеёбанд, ки амали дахлдор иҷро карда шудааст. Ваҷҳ вобаста ба муҳит дар фаъолияти гуногуни мақсадноки одам зоҳир мегардад. Барои он ки ваҷҳ фаъолиятро барангезад, шароите фароҳам бояд овард, то ки одам дар он фаъолият нишон диҳад, яъне дар назди худ мақсад гузошта, барои ноил шудан ба он кӯшиш кунад. Агар дар раванди кори тарбия ваҷҳҳои рафтори талаба ба эътибор гирифта нашавад, боиси вайроншавии муносибати байни муаллиму талаба мегардад ва тарбия натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бинобар ин тарбияи ваҷҳ ва дар кори тарбиявӣ ба эътибор гирифтани он яке аз вазифаҳои муҳимми муаллим мебошад. Барои ташаккули симои маънавӣ ва рафтори мақсадноки шахс ваҷҳи даркшуда нақши муҳим мебозад. Ваҷҳи даркшуда ба шахс имкон медиҳад, ки сабабҳои рафтори худро фаҳмад ва рафторашро тағйир диҳад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ваҷҳ / М. Давлатов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.