Jump to content

Ваҷҳии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ваҷҳии Самарқандӣ

Ваҷҳии Самарқандӣ (форсӣ: وجهی سمرقندی‎) — шоири тоҷик (охири асри 16 — ибтидои асри 17).

Тазкиранигор Мутрибии Самарқандӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро» аз ӯ чун толибилми мадраса, ки ба шеъру шоирӣ майлу рағбат ва бо адибони давраш нишасту хез дошт, ёд мекунад. Номи Ваҷҳии Самарқандӣ ва намунаҳо аз осораш дар тазкираҳои дигар, аз ҷумла, «Мунтахабу-л-латоиф», «Тахаллусномаи ҷовидон», «Гулзори шоирон», «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ омадааст. Ғазали зерин аз ӯст:

Ҷоно, зи рӯи меҳр барафкан ниқобро,
Соз аз рухи чу моҳ хиҷил офтобро.
Гар парда аз изори чу хуршед афканӣ,
Аз меҳр нур мебарад, аз моҳ тобро.
Аз завқи диданаш тапиши ҷони беқарор
Ҳангоми васл таъна занад изтиробро.
Ҳар шаб ба нола пеши сагаш арза медиҳам,
Дарди фироқи он шаҳи олиҷанобро.
Ваҷҳӣ, даме, ки ёр ниҳад пой дар рикоб,
Созам зи ҳалқаҳои ду дида рикобро.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]