Веркблей
Зоҳир
Веркблей (олмонӣ: Werkblei, аз Werk — маснуот ва Blei — сурб) — сурби нохолис, сурб бо омехтаи дигар филиззот, ки ҳангоми гудохтани маъданҳои сурбдор ё шикастпораҳои ҷинсҳои гуногуни кӯҳӣ ҳосил мекунанд.
Миқдори омехтагиҳо дар веркблей 2-3, баъзан то 10%-ро ташкил медиҳад. Одатан, дар таркиби веркблей бештар мис ва сурма, каме марги муш, қалъагӣ, висмут, баъзан ба миқдори кам руҳ, никел ва кобалт вомехӯранд. Ғайр аз ин сулфидҳои сурб, оҳан ва мис вуҷуд доранд. Дар таркибаш қариб ҳама вақт тило ва нуқра мавҷуд аст. Барои ба даст овардани сурби холис веркблейро аз омехтагиҳо тоза мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Веркблей // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.