Верф
Зоҳир
Верф (аз ҳол. werf[1]) — корхонаест барои сохтан ё таъмири киштӣ. Одатан, онро дар соҳили уқёнус, баҳр, дарё, ҳавз ҷой медиҳанд.
Верфҳои обӣ (шинокунанда) низ мавҷуданд, ки киштиҳои нисбатан хурд месозанд. Верфҳои нахустин солҳои 3000–2778-и то м. дар Мисри Қадим пайдо шудаанд. Дар верфи киштисозӣ танаи киштиро месозанд, таҷҳизоти тана ва механизмҳоро, ки аз корхонаҳои дахлдор гирифтаанд, васл мекунанд, киштиҳои тайёрро ба истифода медиҳанд. Дар верфи васлкунии киштӣ қисмҳои киштиро, ки корхонаҳои махсус истеҳсол кардаанд, бо ҳам пайваст намуда, таҷҳизоти киштиро мечаспонанд, кори киштиро месанҷанд ва онро ба фармоишгар месупоранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Этимологический словарь русского языка Макса Фасмера «Верфь ж., начиная с Петра I, 1704 год; см. Христиани 39; Смирнов 73. Из нж.-нем., голл. werf, откуда и нов.-в.-н. werft (заимств. в 1700 году из голл.); см. Мёлен 237; Преобр. 1, 78; Клюге-Гётце 686»
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Верф // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.