Jump to content

Виадук

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Виадук
Нигора
 Парвандаҳо дар Викианбор

Пули дарагузар, виаду́к (фр. viaduc, аз лот. via — ҷода, роҳ ва duco — мебарам) — иншооти пулмонанде, ки дар буриши роҳ бо сой, ҷар, дара сохта мешавад.

Маъмулан виадукҳо дар мавзеъе сохта мешаванд, ки пур кардани онҳо бо регу шағал аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар нест. Виадук дар шакли сохтмонии равоқдор ё болорӣ (аз санг, филизз, бетон ва оҳанубетон) сохта мешавад. Дар Руми Бостон виадукро аз тахтасанг месохтанд. Охири асри 19 виадукҳои филиззию оҳанубетонӣ пайдо шуданд. Дар ҷаҳон виадукҳои баланду зебо бисёранд. Баландии виадуки болои д. Сидухэ (Чин) 496 м аст. Пояҳои виадуки Миллау (Фаронса) ба 341 м мерасад. Виадуки Гёлтсшталбруке (Олмон) бузургтарин пули хиштӣ дар ҷаҳон буда, дар сохтмони он 26 млн хишт истифода шудааст. Баландиаш 78 м, дарозиаш 574 м аст. Дар системи обёрии Тоҷикистон навъҳои махсуси виадук — акведук ва селедук (иншооти селгузар) васеъ истифода мегарданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]