Вибратори Ҳерс
Вибратори Ҳерс, дуқутбаи Ҳерс, мавҷгири Ҳерс, маҷмӯъ (система)-и одитарин барои ҳосил кардани лаппишҳои электромагнитӣ.
Онро Ҳенрих Ҳерс (1888) дар таҷрибаҳое истифода бурдааст, ки мавҷудияти мавҷҳои электромагнитиро исбот мекарданд. Вибратори Ҳерс милаи мисини нӯгҳояш саққоҳои (ё тасмаҳои) филизздор, ки ба нуқтаи каниши он (нуқтаи шарорагӣ) ғалтаки Румкорфро васл мекарданд. Зери фишори баланд дар нуқтаи каниш шарора ва дар Вибратори Ҳерс лаппишҳое пайдо мешуданд, ки давомнокиашон аз лаҳзаи сӯхтани шарора кӯтоҳ аст. Дарозии мавҷҳои электромагнитӣ аз андозаи вибратор тақр. ду баробар зиёд буд. Дарозии вибратори хурдтарине, ки Ҳерс истифода бурдааст, 26 см аст; дар он лаппиши басомадаш 5·108 Ҳс ҳосил мегардид, ки ба дарозии мавҷ = 60 см мувофиқат мекунад. Ҳерс инчунин вибратори худро дар конуни оинаҳои фурӯхамида ҷойгир карда, мавҷҳои ҳамвори ба самти муайян равонаро ҳосил намуд. Бо ёрии оинаҳои филиззӣ ва маншураҳо Ҳерс мутмаин гардид, ки қонунҳои инъикос ва шикасти мавҷҳои электромагнитии тайф (спектр)-и нонамоён ба қонуни оптикаи геометрии тайфи намоён тобеъ мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вибратори Ҳерс // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.