Лаппиш
Зоҳир
Лаппиш - ҳаракати даврӣ такроршаванда ё ҳаракате, ки дараҷаи муайяни такроршавӣ дорад, лаппиш (аз физика) номида мешавад. Имконияти ба гурӯҳҳо муттаҳид кардани лаппишҳои мухталиф, ки ҳар кадом бо муодилаҳои дифференсиалии якхела тавсиф меёбанд ва бо як қонуният муайян мегардад, муҳимтарин хусусияти лаппиш мебошад. Ин ба таври васеъ истифода бурдани методҳои моделониро ҳангоми тадқиқоти ҳодисаҳои нав имконпазир мегардонад.