Видеоклип
Видеоклип ё клип (аз англ. clip) — кадрҳои пайдарҳами аз ҷиҳати бадеъӣ кӯтоҳмуддате, ки омода шудаанд.
Видеоклип дар телевизион барои рекламаи ашё ва хидматрасонӣ истифода мешавад. Санъати банаворгирӣ ва васл (монтаж)-и видеоклип ҷузъи алоҳидаи санъати кинои кӯтоҳметраж мебошад. Видеоклипҳоро, одатан, нисбат ба филмҳои кӯтоҳметраж «майда» карда, васл менамоянд ва дар онҳо воситаҳои махсус истифода мешаванд. Видеоклипи мусиқӣ барои рангоранг кардани суруд ё қисматбандии мусиқӣ таъйин шудааст. Видеоклипҳо асосан барои намоиш додан дар телевизион ё шабакаи Интернет ба навор гирифта мешаванд. Инчунин кадрҳои клип бис ёр вақтҳо иҷрои сурудро дар консертҳо ҳамроҳӣ мекунанд. Онҳо барои сабти албом ё наворбардорӣ дар телевизион истифода мешаванд.
Нахустин видеоклип дар шакли филмҳои кӯтоҳметраж дар мусиқӣ ибтидои асри 20 пайдо шуда, солҳои 60 асри 20 дар Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ хеле инкишоф ёфт. Бо ривоҷу равнақи телевизион видеоклип омили муҳимми пешрафти ҳунарпеша гардид. Пештар одамон ҳунарпешагони дӯстдоштаи худро танҳо дар консертҳо ва суратҳо дида метавонистанд. Ҳоло барои иҷрокунандагони мусиқии поп сабти видеоклипҳои босифату ҳақиқӣ ва ҳунарнамоии зинда хеле муҳим аст. Дар таърихи видеоклипи мусиқӣ пайдоиши шабакаи телевизионии МТV дар соли 1979 воқеаи муҳим буд, ки он видеоклипи муосирро хеле сайқал ва ривоҷ дод.
видеоклипи мусиқии ҳунарпешагони машҳурро коргардон-клипсозони касбӣ ба навор мегиранд. Арзиши баъзе клипҳои алоҳида тибқи буҷет аз якчанд млн доллар зиёд аст. Ҳунарпешагони касбӣ барои сабти клипҳои гаронарзиш аз воситаҳои махсус ва графикаи компютерӣ истифода мебаранд.
Дар Тоҷикистон низ видеоклип васеъ паҳн гардидааст. Ҳунарпешагон Ҷонибеки Мурод, Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Тоҷиддин, Остони Азиз, Шаҳроми Абубакр, Самад Ғанӣ, видеоклип Азизов, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Нигина Амонқулова, Баҳром Ғафурӣ ва дигарон видеоклипҳои ҷолиб доранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Видеоклип // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.