Христиан Бартоломе: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х →‎top: clean up using AWB
х →‎top: clean up using AWB
Сатри 1: Сатри 1:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
{{Orphan|date=ноябр 2018


{{Олим
{{Олим
Сатри 7: Сатри 7:
|бар =
|бар =
|тавсифи тасвир =
|тавсифи тасвир =
|таърихи таваллуд = 21.01.[[1855]]
|таърихи таваллуд = 21.01.1855
|зодгоҳ = [[Бавария]]
|зодгоҳ = [[Бавария]]
|таърихи даргузашт = 09.08.1925
|таърихи даргузашт = 09.08.1925

Нусха 10:58, 30 ноябри 2021

{{Orphan|date=ноябр 2018

Христиан Бартоломе
БАРТÓЛОМЕ Христиан
Таърихи таваллуд 21 январ 1855(1855-01-21)
Зодгоҳ Бавария
Таърихи даргузашт 9 август 1925(1925-08-09) (70 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ забоншиноси олмонӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: докторӣ[d][1]
Шогирдон Фрейман Александр Арнолдович

БАРТÓЛОМЕ Христиан (21.1.1855, Бавария – 9.8. 1925), забоншиноси олмонӣ, профессор Донишгоҳи Ҳейделберг. Намояндаи мактаби забоншиносии Грамматикҳои ҷавон.

Осор

Бо истифода аз методи муқоисавӣ-таърихӣ ва бо такя ба консепсияи забони мабдаи ҳиндуаврупоӣ ба пажӯҳиши гурӯҳи забонҳои ҳинду эронӣ – забони авестоӣ, форсии қадим, забони форсии миёна – паҳлавӣ, омӯзиш ва тарҷумаи Авесто машғул шудааст. Дар ҷ. 1 асари ҷомеи «Асосҳои филологияи эронӣ» («Grundriss der Iranischen philologie», 1895) ду мақолаи калони Бартоломе – якумаш оид ба таърихи забонҳои эронӣ ва дуюм доир ба забонҳои авестоиву форсии қадим ҷой дода шудаанд. Бартоломе муаллифи луғати ҳаҷман бузург (зиёда аз ҳазор саҳифа) мебошад, ки шарҳи тамоми калимаҳои Авесто, осори забони форсии қадим ва форсии миёнаро дар бар мегирад. Дар луғати Бартоломе шарҳи калима, тарҷумаи он аз забонҳои қадим аввал ба забони форсии муосир, сипас ба забони олмонӣ оварда шудааст. Бартоломе ба тарҷумаи Авесто ба забони олмонӣ таваҷҷуҳи хосса дошт. Вай бахши муҳимтарин ва мушкили Авесто – «Готҳо»-ро бо тафсири муфид тарҷума карда, ба табъ расонд. Тарҷумаи қисмҳои дигари Авесторо бо роҳбарӣ ва ҳидояти Бартоломе шогирдаш Ф. Волф анҷом дод. Шогирдони дигари Бартоломе – Юнкер ва Райхелт ба омӯзиш, тарҷумаву тафсири осори забони форсии миёна, мураттабсозии дастурҳои омӯзиши забони авестоӣ (Райхелт) машғул шудаанд. Умуман, навиштаҳои Бартоломе доир ба эроншиносӣ оламшумуланд ва пажӯҳишҳои классикӣ дар эроншиносӣ ба шумор мераванд.

Адабиёт

Фрейман А. Христиан Бартоломе // Дар маҷм. Иран. Ҷ. 1. Л., 1927. М. Диловаров.

Сарчашма

  1. 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #116884444 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.