Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2015/27
Қалъаи Ҳисор (форсӣ: قلع حصار) - ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Ҳисор мебошад. Вожаи “ҳисор” (форсӣ: حصار) арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” (форсӣ: قلع)аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII мелодӣ - “Ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос - Ҳисор – гашт. [1] Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ - уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад. Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад. Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст. бештар...
Пайнавиштҳо
[вироиши манбаъ]- ↑ Фатҳуллоҳи Азиз? Султонмуроди Одина/ Қалъаи Хисорро ки сохту кӣ бохг? № 5-6 (1983 ) 24 апрели соли 2014