Пешдодиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Пешдодиён (Хатти ниёгон: پیشدادیان) - (аз калимаи мураккаби авестоии paradhata - парадата - par - пеш ва dhata - дод, адл, қонун - нахустин қонунгузорон), сулолаи подшоҳони бостонии мардуми ориёӣ (Ориёзамин – Бохтар), ки дар ҳазораи IV-III то м. ҳукмронӣ кардаанд.

Истилоҳ[вироиш]

Бо назардошти файласуфи шарқшинос Назри Яздонӣ

«Номи «Пешдодиён»-и миллат маънои бошаҳомат ва бошарофат дорад: миллате, ки қонунро (дод)-ро пеш мегузорад, баъдан тибқи ҳамин қонун зиндагӣ мекунад.»

[1]

Пешдодиён мутобиқи сарчашмаҳои қадим аз қабили Авесто ва адабиёти зардуштӣ аввалин ва қадимтарин сулолаи ориёӣ буданд. Дар Авесто («Яштҳо»), осори паҳлавӣ («Минуи хирад», «Бундаҳишн»), осори таърихӣ ба забони арабӣ ва форсии дарӣ ва ба низому тартиби муайяни таърихӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ оид ба Пешдодиён корномаи онҳо сухан рафтааст. Мувофиқи маълумоти Авесто Ҳушанг (шоҳи дуюми пешдодӣ дар «Шоҳнома»), унвони парадата – пешдодро дорад. Каюмарс –«нахустин мулуки Аҷам»-и «Шоҳнома» дар Авесто нахустин инсон аст. Шоҳони сулолаи П. ба ривояти Фирдавсӣ 10 наф. (Каюмарс, Ҳушанг, Таҳмурас, Ҷамшед, Заҳҳок, Фаридун, Манучеҳр, Нӯзар, Зави Таҳмосп, Гаршосп) мебошанд. Дар баъзе осори таърихӣ, аз ҷумла таърихҳои исломӣ подшоҳи Туронзамин – Афросиёб, ки аз авлоди Фаридун буд, дар шумори Пешдодиён ёд гардидааст. Дар корномаи шоҳони пешдодӣ – аз Каюмарс то Кайқубод (сарвари сулолаи Каёниён) аз зиндагии авлодӣ-қабилавӣ дар кӯҳу ғорҳо (замони Каюмарс) то ҷомеаи мутамаддин расидани мардуми ориёӣ инъикос ёфтааст. Ҳар яке аз подшоҳони пешдодӣ аносири маданияту фарҳангро ба мардуми худ омӯзонид. Аз ин ҷост, ки Пешдодиёнро чун қаҳрамони маданиятомӯз ном мебаранд. Ҳушанг ба даст овардани гавҳар, ҷудо кардани оҳанро аз санг, оҳангарӣ, сохтани табар, арра, теша, либос дӯхтан аз пӯсти санҷоб, қоқум, рӯбоҳ, самурро ба мардум ёд дод, гову хару гӯсфандро ром кард. Ба мисли Прометей-Қаҳрамони асотири Юнони Бостон вай ба мардум оташро ато намуд; ба ҷашни Сада бунёд гузошт. Таҳмурас – писари Ҳушанг боз, сияҳгӯш, юзро ром кард; мурғони хонагӣ-мокиёну хурӯсро падид овард; силоҳи ҷангӣ ихтироъ намуд, бо девон ҷанг кард ва онҳоро мутеъ сохт. Аз девон 30 навъ хат – румӣ, тозӣ, порсӣ, суғдӣ, чинӣ, паҳлавӣ ва ғ. омӯхта, ба мардум омӯзонид. Давраи ҳукмронии Ҷамшед давраи тиллоӣ мебошад. Чунонки дар Авесто омадааст, дар замони ӯ на гармо буду на сармо, пиру ҷавон чун шахси 15-сола ба назар мерасиданд. Ба ривояти Фирдавсӣ Ҷамшед дар як 50-солаи ҳукмронии хеш силоҳ зиреҳ, ҷавшан, ҳафтон, диръ сохтан, дар 50-соли дигар аз катон, абрешим, пашм, касаб, дебо, хаз риштану тофтану бофтан, дӯхтану шустан ва ғ.-ро ёд дод. Дар замони ӯ мардум аз хишту сангу гаҷ сохтани хонаву дар, кохҳо, гармобаҳо ва ғ.-ро ёд гирифтанд. Мушк, кофур, уд, анбар, пизишкӣ, киштӣ ва киштиронӣ дар замони Ҷамшед ихтироъ шудаанд. Дар яке аз 50-солаҳои ҳукмрониаш Ҷамшед мардумро ба табақаҳо-рӯҳониён, сипоҳиён, кишоварзон, ҳунармандон (косибон) тақсим намуд. Дар замони ӯ ба ҷашни Наврӯз ибтидо гузошта шуд. Дар замони Ҷамшед ба қавли Фирдавсӣ:

Ҳама карданиҳо чу омад падид,
Ба гетӣ ҷуз аз хештан кас надид.

Аз ин ҷост, ки аз маданиятомӯзии шоҳони дигари пешдодӣ сухан ба миён наовардааст (ба ғайр ибтидо гузоштан ба ҷашни Меҳргон дар замони Фаридун). Замони ҳукмронии Пешдодиён яке аз давраҳои ҷолибе дар таърихи мардуми ориёӣ - гузаштагони халқи тоҷик, давраи мубориза ба муқобили нерӯҳои бадӣ, мубориза ба муқобили истилогарон, замони қаҳрамонӣ, далериву шуҷоат мебошад. [2] Шоҳони сулолаи Пешдодиён:

Мутобиқи ривоятҳо Пешдодиён 2468 сол ҳукмронӣ кардаанд.[3]

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. Ҷ.1. - Душанбе, 1963;
  • Брагинский И. С. Из истории персидско-таджикской поэзии. - М., 1956;
  • Дьяконов М.М. Очерк истории древнего Ирана. - М., 1961;
  • Кузьмина Е.Е. В стране Афрасиаба и Кавата. - М., 1977;
  • Ҳамдам Мӯъминҷонов. Тӯрон - гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. - Душанбе, 2004;
  • С. Одина. Санои афсона. - Душанбе, 2006.
  • Жозеф Маркварт. Веҳрӯд ва Аранг… тарҷумаи Довуд Муншизода. – Теҳрон: «Бунёди мавқуфоти дуктур Маҳмуди Афшор», 1368.
  • Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ. Ҷуғрофиёи «Шоҳнома». – Теҳрон: «Бунёди Нишопур» ва муассисаи ҷуғрофиёии «Саҳоб», 1371.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Назри Яздонӣ: Муҳаббат метавонад дар вуҷуди як инсони бемаърифат ҳам бошад
  2. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 296 – 451
  3. Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 23-24.
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Қаҳрамонҳо
Обтин | Ораш | Афросиёб | Исфандиёр | Фаридун | Гударз | Гурдофарид | Ҳушанг | Ҷамшед | Кова | Кай Хусрав | Каюмарс | Манучеҳр | Рахш | Руҳҳом | Рустам | Рустам Фаррухзод | Рудоба | Сом | Шағод | Симурғ | Сиёвуш | Сӯҳроб | Таҳмина | Таҳмурас | Зол | Заҳҳок
Ҷойҳо
Эрон | Турон