Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2015/28
Ҳисор (форсӣ: حصار) - шаҳраке дар Тоҷикистон ва маркази идории ноҳияи Ҳисор аст. Шахрак дар маркази водии Ҳисор байни дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷойгир аст. Ҳисор дар қисми ҷанубу ғарби водии Ҳисор, 20 км ғарбтари шаҳри Душанбевоқеъ аст. Дар наздикии шаҳраки Ҳисор дарёи Чангоб (Хонақоҳ) ва Канали калони Ҳисор ҷорӣ мешаванд. Соли 2015 роҳи автомобилгарди Душанбе - Турсунзода тармим гардидааст. Байни Ҳисор – Душанбе ва Ҳисор – Турсунзода мунтазам нақлиёт мегардад. Аз маркази ноҳия роҳи оҳани Душанбе – Тирмиз мегузарад (стансияҳо: Чиптўра ва Хонақоҳ).
Ҳисор 26 июни 1993 мақоми шаҳр-ро гирифта буд, вале дар соли 2005 боз мақоми шаҳракро гирифтааст.[1].
Таърих
[вироиши манбаъ]Ин шаҳр дар садаҳои миёна Шумон (شومان) ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва торихномаҳои қадим ба гунаи Сумон (سومان) низ навишта шудааст.
Шоёни ёдоварист ки вожаи “ҳисор” (форсӣ: حصار) арабӣ ва маънояш “диж” ва “қалъа” (форсӣ: قلع)аст. Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII мелодӣ - “Ҳисори Шодмон”, яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз “Шодмон” аз он афтоду “ҳисор” монд ва исми хос - Ҳисор – гашт. бештар...