Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2015/50

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Hoshim.jpg

Ҳошим Гадоев (10 маи 1937, Кӯлоб, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театру кино, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973) аст. Ҳошим Гадоев 10 маи соли 1937дар шаҳри Кӯлобзода шудааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС), (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) буда ва Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973) барои нақши Сӯҳроб дар филми «Рустам ва Сӯҳроб») аст.

Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Намоишсарои Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Сӯҳроб, Фердинанд, Гамлет, Хлестаков, Исмоил Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст. бештар...