Ҳошим Гадо
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Ҳошим Гадоев |
Таърихи таваллуд: | 10 май 1937 (87 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1961 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0300601 |
Ҳошим Гадоев (10 майи 1937, Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — ҳунарпешаи театру синамо, коргардони театр ва нависанда, Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979), Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1973). Арбоби ҳунари Тоҷикистон (2017)[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб зода шудааст. Дастпарвари Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) (1960) ва Курсҳои олии коргардонии ГИТИС (1965) аст.
Аз соли 1961 то кунун ҳунарпеша ва коргардони Театри академи-драмавии Лоҳутӣ аст. Ҳунарнамоӣ дар киноро аз соли 1963 оғоз карда ва то кунун чандин нақш, аз ҷумла нақши Суҳроб, Фердинан, Гамлет, Хлестаков, Исмоили Сомонӣ, Эдип ва дигар нақшҳоро офаридааст.
Ҳошим Гадо ҳамчунин коргардони бисёре аз намоишҳост ки маъруфтаринашон намоиши «Эдип» аст, ки беш аз сад бор иҷро шудааст. Вай соли 2008 дар чорчӯби ҷашнҳои бузургдошти Абу Абдуллоҳ Рӯдакӣ намоишномае дар бораи зиндагии сардафтари адабиёти порсӣ офарида ва намоиш дод. Вай ҳамчунин дар беш аз 50 филми коргардонони тоҷик ва хориҷӣ нақш иҷро кардааст. Ҳафтаномаи «Чархи гардун» беш аз 10 сол аст, ки ҳикоёти фалсафии ӯро чоп мекунад.
Ҳошим Гадо муаллифи 11 китоб бо номҳои зерин аст: «Розҳо», «Асо», «Танҳо», «Андешаҳо», «Я!?», «Кунҷ», «Кометы», «Ҷонбуз», «Ку», «Думы», «Мой Сухроб», «О Сократе».
Филмшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Битва трех королей (1990)
- Государственная граница: Красный песок (1984) — Мӯъминбек
- Рыцари черного озера (1983)
- Пробуждение (1983) — Қудрат (нақши аслӣ)
- Здесь тебя не встретит рай (1982)
- Служа Отечеству (1980) — Бобо Пештунӣ
- Женщина издалека (1978)
- Первая любовь Насреддина (1977) — Талъатбек (дублаи В.Козинец)
- Осада (1977) — Ниёз
- Свет погасших костров (Dədə Qorqud) (1975)
- Ураган в долине (1972) — Ёрматов
- Рустам ва Суҳроб (1971) — Суҳроб (нақши аслӣ)
- Здесь проходит граница (1971) — Туркон, ҷаҳонгард-ҷосус
- Разоблачение (1969) — эпизод
- Звезда Улугбека (1964) — Шоҳзода Абдулатиф
- Двенадцать часов жизни (1963)
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳунарпешаи мардумии ҶШС Тоҷикистон (1979);
- Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1988);
- дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1973) барои нақши Суҳроб дар филми «Рустам ва Суҳроб»);
- «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» (2017)[1].
Донистаниҳои ҷолиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳошим Гадо барои офариниши нақши Суҳроб дар театр дар адабиёти порсӣ, меъморӣ, пайкарнигорӣ, ториху фарҳанги асри Фирдавсӣ, тангашиносӣ ва тарроҳии пӯшок пажӯҳиш бурд ва варзишу бадансозӣ карду тану дасту бозуяшро обутоб дод. Ин ҳама сахткӯшии вай натиҷаи бисёр хубе ба бор овард — мунаққидон ин намоиш ва бозии ӯро чунон хуш пазируфтанд ки аз он замон то кунун филми «Рустам ва Суҳроб» яке аз беҳтарин филмҳои сохтаи замони шуравии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Шаҳбонуи Эрон Фараҳ Паҳлавӣ, ҳамсари Шоҳи Эрон Муҳаммадризо Паҳлавӣ, аз бозии Ҳошим Гадо ва ҳамкоронаш дар намоишномаи «Рустам ва Суҳроб» дар Театри Лоҳутӣ чунон мутаасир гашта буд, ки гирён шуда ва беҳуш афтода буд[2].
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- СССР+Ҳошим Гадо, Замимаи махсуси СССР (10 май 2017). Бойгонӣ шудааст 6 июни 2017 сол. Проверено 16 май 2017.
- Хашим Гадоев дар www.kinopoisk.ru
- Хашим Гадоев дар www.kino-teatr.ru
- Мой Сухроб Хошима Гадоева Бойгонӣ шудааст 24 ноябри 2011 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Президенти Тоҷикистон. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии Ҳошим Гадоев бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. president.tj. 18 Декабри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Мой Сухроб Хошима Гадоева. 30 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 ноябри 2011.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 10 май
- Зодагони соли 1937
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Зодагони шаҳри Кӯлоб
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Ҳунарпешаи театр аз рӯи алифбо
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Синамогарони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Олимони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода