Википедиа:Мақолаи пешнаҳодӣ ҳафта/2016/22

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тоҷикон

Зиндаву ҷовид монда ҳар, ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Чунончи, дар сарсухани китоби "Тоҷикон" Бобоҷон Ғафуров менависад:

«Китоби якӯм аз чор фасл иборат аст. Фасли якум ба тавсифи сохти ҷамоати ибтидоӣ дар Осиёи Миёна бахшида шудааст. Дар фасли дувум ҳаёти қавму қабилаҳои мухталиф – аҷдоди тоҷикон дар давраи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ тавзеҳ меёбад. Дар фасли севум тақдири таърихии Осиёи Миёна дар давраи зуҳури муносибатҳои феодалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Фасли чорум вазъияти Осиёи Миёнаро дар давраи тараққиёт ва барқарории сохти феодалӣ баён мекунад. Китоби дувум фаслҳои панҷӯм ва шашӯмро дар бар кардааст: фасли панҷӯм таърихи халқи тоҷикро аз ибтидои асри ХVI то миёнаи асри ХIХ ва фасли шашӯм аз ҳамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ва тараққӣ ёфтани муносибатҳои капиталистиро то ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тавсиф менамояд.»

[1] Аҳамияти оламшумули таърихии китоби «Тоҷикон» - и академик Бобоҷон Ғафуров дар аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар сарсухани нашри китоби «Тоҷикон», соли 1998 чунин омадааст:

«Вай (яъне Бобоҷон Ғафуров), - навиштааст Эмомалӣ Раҳмон - бо чопи шоҳасари бузурги худ – «Тоҷикон» натанҳо миллати тоҷик, балки тамоми форсизабонони олам, мухлисону ҳаводорони тамаддуни Шарқ ва сокинони Осиёи Марказиро бо як сарчашмаи нерубахшу пурбаҳо шодком сохт.»

[2]

Китоби "Тоҷикон" - ба забонҳои русӣ ва форсӣ низ якчанд маротиба таълиф шудааст. бештар...

Пайнавиштҳо[вироиши манбаъ]

  1. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008, с.10
  2. Ғафуров Б. Тоҷикон. Таърихи қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе, 2008, с.5