Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/12

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳайкали Устод Рӯдакӣ дар Душанбе

Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Ҳаким ибни Абдураҳмон ибни Одам Рӯдакӣ (форсӣ: ابوعبدالله جعفر بن محمد بن حکیم‌ بن عبدالرحمن‌ بن آدم رودکی‎ (англ. Abu Abdollah Jafar ibn Mohammad Rudaki Одамушуаро entitled آدم الشعرا Ādam ul-Shoara or Adam of Poets),  Зодгоҳ: Панҷрӯд, Мовароуннаҳр) — асосгузори адабиёти форсу тоҷик. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро آدم الشعرا Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.

«

Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам, сездаҳ рах сад ҳазор,
Ҳай фузун ояд, агар чунонки бояд бишмарӣ.
»

Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсу тоҷик - достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва диг. пазируфтаанд. бештар...