Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/24

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мирсаид Миршакаршоир, шоир ва дромнависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964). Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Мирсаид Миршакар 5 майи соли 1912 дар деҳаи Синдеви ноҳияи Шуғнони ВМКБ дар оилаи деҳқони чорводор таваллуд ёфтааст.(бештар...)