Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/28

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Умари Хайём (порсӣ: عمر خیام‎) - шоири адабиёти классикии форсу тоҷик. Бар замми ин ӯ риёзидон ва ситорашиноси бузург низ мебошад. Умари Хайёмро дар адабиёти ҷаҳон рубоиёташ машҳур гардонидааст. Аз руйи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии саньати Эрон буда, дар вилояти Хуросон ҷойгир шудааст. Солҳои кудакӣ ва наврасии Умари Хайём (1048-1066) дар Нишопур гузаштааст. Умари Хайём аввал дар мадрасаи Нишопур, ки дар он вақт шуҳрати калон дошт, машғули илм гашта ва баьдан таҳсили худро (1066-1047) дар Балх, Самарканд ва Бухоро давом додааст. Умари Хайём илмҳои дақиқ, аз ҷумла алҷабр, ҳандаса, ҳайат, ситорашиносӣ ва фалсафаро ба хуби омухтааст. Қуръон, таьрих, ҳуқуқшиносӣ ва ғайраҳоро аз бар намуда, забони арабӣ ва адабиёти арабиро ба хубӣ медонист. Маҳорати шеьрнависии баланд дошт. Умари Хайём астрология ва тибро низ омухта, аз нозукиҳои санъати мусикӣ низ огахӣ доштааст. Ӯ асарҳои файласуфони қадими юнонӣ Архимед, Евклид, Аристотелро ба забони арабӣ тарҷума намудааст. Хайём Қурьонро на фақат аз ёд медонист, балки ҳар як ояти онро эзоҳ дода метавонист. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ дар соҳаи такмил ва ривоҷи масъалаҳои риёзӣ зоҳир мешавад. Ихтирои аввалини ӯ дар 25 солагӣ сурат гирифта буд. Дастоварди илмиаш «Рисола» дар бораи илми алҷабр ва алмуқабала, ки дар Самарканд таълиф намуда буд, номи Умари Хайёмро ҳамчун олим шуҳрат бахшид. Фаъолияти илмии Умари Хайём дар Бухоро (дар дарбори шаҳзодаи Хоқон Шамс Алмулк) оғоз меёбад. Соли 1074 Умари Хайём ба дарбори шоҳ Малик, ки дар шаҳри Исфаҳон воқеъ буд, даъват шуда буд. бештар...