Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2016/4

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Масҷиди шайх Муслиҳиддин

Хуҷанд - (русӣ: Худжанд, форсӣ: خجند‎, собиқ Ленинобод) маркази сиёсӣ - маъмурии вилояти Суғд аст. Аз ҷиҳати шумораи аҳолӣ - шаҳри дуюми Тоҷикистон мебошад. Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Миёна мебошад, ки ҳамчун маркази тиҷорат машҳур ва аз инҷо роҳи бузурги корвонгарди абрешим мегузашт, ки Осиё ва Аврупоро пайваст мекард. Таърихшиносони қадим Хуҷандро «Тирози ҷаҳон» ё «Арӯси даҳр» номида, аз мардуми бофарҳанги он ёдовар шудаанд.

24 ноябри 1917 Ҳокимияти Советӣ дар Хуҷанд ғалаба кард. Дертар шаҳр аввал ба ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ва аз 2 октябри 1929 ба ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ шуд. Соли 1936 шаҳр Ленинобод ном гирифт. Хуҷанд зодгоҳи як зумра шахсони бузурги тарихист. Олимон — мунаҷҷим ва риёзидон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (а. X), ҷуғрофияшинос ва сайёҳ Ҳоҷӣ Юсуф Мирфаёзов (1842—1925), шоирон Маҳастии Хуҷандӣ (а. XII), Камоли Хуҷандӣ (а. 14), Муҳаммадаминхоҷаи Кошиф (1825—87), Тошхӯҷаи Асирӣ (1864—1916), Абдуллои Файёз (1847—1934) ва диг. арбобони илму маданият ин ҷо касби камол кардаанд.(бештар...)