Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/22
Зоҳир
Эмомалӣ Раҳмон (порсӣ: امامعلی رحمان, то 21 марти соли 2007 — Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015). Эмомалӣ Раҳмон 5 октябр 1952 дар ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Оиладор ва падари нӯҳ фарзанд аст.
- Соли 1969 Омӯзишгоҳи касбию техникии № 40-и шаҳри Калининобод (ҳоло Сарбанд)-ро хатм намудааст.
- Соли 1982 факултети иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд.
- Фаъолияти меҳнатиашро соли 1969, ба ҳайси устои барқ дар Корхонаи равғанкашии шаҳри Қӯрғонтеппа шурӯъ намудааст.
- Солҳои 1971-1974 дар Флоти уқёнуси Ором дар хизмати ҳарбӣ буд. Пас аз хизмати ҳарбӣ ба зодгоҳи худ баргашта, дар совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара кор кардааст.
- Солҳои 1976-1987 дар вазифаҳои котиби раёсат, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд. Сипас дар мақомоти ҳизбӣ фаъолият дошт.
- Аз соли 1987 то соли 1992 директори совхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара буд.(бештар...)