Jump to content

Википедиа:Мақолаи пешниҳоди ҳафта/2017/27

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (порсӣ: مولانا جلال الدین محمد رومی ) ё Мавлоно — ориф ва шоири номдори тоҷику форс.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) тахминан соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Аҳмад Ҷалолиддин тахаллусаш бо Мавлавӣ машҳур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳуҷуми муғулҳо аз Балх ба Вахшу Самарқанд ва Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онҳо аз Нишопур ба Ҳиҷоз мекӯчанд. Соли 1232 дар Куния, назди Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ илми тасаввуфро азхуд мекунад. Мавлоно Балхӣ соли 1273 дар Кунияи Рум вафот кардааст. Бузургтарин асари у "Маснавии Мавлавӣ", ки соли 1259 ба навиштан ин асар сар кардааст ва зиёда аз 10-сол ба эҷоди ин асар машғул гаштааст. Мавзӯи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-ҳазор байт, 1600 рубоӣ боқӣ мондааст.(бештар...)