Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ
Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Румии Балхӣ
Tojik Mavlono.jpeg
Зодрӯз 30 сентябри соли 1207
Зодгоҳ Балх
Даргузашт 18 декабри соли 1273
Вазифа шоир, мутафаккир

Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ (порсӣ: مولانا جلال الدین محمد رومی ) ё Мавлоно — ориф ва шоири номдори тоҷику форс.

Зиндагинома[вироиш]

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар соли 604 ҳиҷрӣ дар Балх зода шудаасст. Ӯ баъдҳо ба ҳамроҳи падараш ба Куния дар Руми шарқӣ муҳоҷират кард ва ба ин далел, дар бархе манобеъ, аз ҷумла Ғарб, "Мавлонои Рум" ё "Румӣ" ном гирифтааст

"Маснавии маънавӣ" ва "Девони ғазалиёти Шамс", аз осори машҳури Мавлонои Балхӣ аст, ки дар Шарқ ва Ғарб шинохта шудааст.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) дар соли 672 хиҷрӣ дар Куния (шаҳре дар Туркияи имрӯза) даргузашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ тахминан соли 1207 дар Балх ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Номаш Аҳмад Ҷалолиддини лакабаш бо Мавлавӣ машхур аст. Падараш аз олимони Балх буд. Дар ибтидои ҳучуми мугулхо аз Балх ба Нишопур сафар кардааст. Баъдан оилаи онхо аз Нишопур ба Хичоз мекучанд. Соли 1232 дар назди Бурҳониддини Тирмизи илми тасаввуфро аз худ мекунад. Чалолиддини Балхӣ соли 1273 дар Кунияи Рум вафот мекунад. Бузургтарин асари у "Маснавии Мавлавӣ", ки соли 1259 ба ин асар навиштанро сар кардааст зиёда аз 10-сол ба эчоди ин асар машгул гаштааст. Мавзуи асосии ин асар масъалаҳои тасаввуф мебошад. Аз шоир ба мо 50-хазор байт, 1600 рубои боки мондааст.

Мақбара ва осорхонаи Мавлонои Балхӣ дар Куния

Ҷалолиддини Балхӣ аз нобегагони назми классиикии форс тоҷик буда, дар арсаи суханвари ҳамчун Худованди беҳамтои мамлакати ишку зебои шинохта шудааст. У инсонро бузургтарин муъчизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифок ва иттиҳоду хамбастагии онхоро талкин ва таргиб менамуд. Сулху ошти, ишку ошики, ба акидаи Мавлоно кодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонид.

Мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз чиҳати нави Сухан назму насро ташкил медихад. Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишк ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нахмаи эъчозхоест, ки сантанати инсонро бархасти, заминро бар коинот ишкро бар имон хаётро ба марг оштиро ба чанг тахким медихад. Шубхае нест, ки бештар аз ғазалҳои дилошуб ба дикатангези Мавлоно бештар дар мачлисҳои раксу саноъ кафзанию пойкуби дар зери навхаи тарабангези дафу чангу рубоб дар сухбати муносибату дустони мувофик суруда шуданд. Аз ин чост ки аз онхо хамеша нагмаи зиндаги суруд ва тарабу хуши ба гуши хуш мерасад. Шояд аз хаминчост ки аксари ғазалҳои у чамбаи ганои ва мусики доранд.

Аз вачхи мухтавиёт ғазалиёти Мавлоно дар ишку ошикист. Валекин мавзу дар ғазалиёти у ба таври махсус сурат гирифтааст. Ишки Ҷалолиддини Балхӣ асоси модӣ дошт ва аз моддиёти замини сарчашма мегирифт.

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ 18 декабри соли 1273 дар Куния вафот кардааст.

Зиндагиномаи Мавлоно дар адабиёт[вироиш]

Аз китоби Абдулҳусайни Зарринкӯб «Бо корвони ҳулла»[вироиш]

Вай Ҷалолуддин Муҳаммад ном дошт ва дар ҳудуди соли 604-и ҳиҷрӣ дар Балх ба дунё омад. Падараш Баҳоуддин Валад воизе буд забоновару хушбаён, ки ба сӯфия гароиш дошт ва маҷмӯае аз мавоизи ӯ ҳамакнун боқист ва «Маорифи Баҳоуддин» ном ёфтааст. Ин Баҳои Валад дар Балх маснади тадрису фатво бо муридону дӯстони бисёр дошт ва ӯро Султон-ул-уламо низ мехонданд. Балх дар он замон ҷузви қаламрави фармонравоии Хоразмшоҳ буд ва Баҳои Валад дар он ҷо ба ҳурмату ҳишмат (шукӯҳу ҷалол) мезист. Аммо аз Хоразмшоҳ ранҷише ёфт, ки сабаби он дуруст маълум нест. Шояд вуҷуди имом Фахри Розӣ, як воизи дигар, ки бо сӯфия миёнае надошт ва шоҳ бад-ӯ дил баста буд, вайро аз ӯ озурдахотир дошта буд. Ва шояд низ бад-он ҷиҳат, ки султони Хоразм бо халифаи Бағдод дил бад карда буд, Баҳои Валад мисли бисёре дигар аз мусалмонони вақт аз вай ранҷида буд. Дар ҳар ҳол, воизи Балх ҳангоме ки писараш Ҷалолуддин кӯдаки хурдсол буд, аз Балх берун омад. Чанде дар ҳудуди Вахшу Самарқанд мебуд, он гоҳ азимати ҳаҷ кард. Аз роҳи Нишобуру Бағдод ба Ҳиҷоз рафт ва дар бозгашт аз Макка якчанд ба Шом шуд. Ҳангоме ки Хоразму Мовароуннаҳр ба дасти муғул афтода буд ва Хоразмшоҳ саргаштаву дар ба дар аз пеши сипоҳи душман мегурехт, Баҳои Валад дар Арзинҷон ва Сивос (шаҳре дар Рум) ба Осиёи Сағир буд. Чанд соле низ дар он шаҳр ва Лоранда ба сар бурд ва дар ин замон писараш Ҷалолуддин бешу кам ҳаждаҳсола буд. Дар муддати иқомат дар Лоранда буд, ки модари Ҷалолуддин — Муъминахотун вафот ёфт ва Ҷалолуддин ҳам ба ишорати падар Гавҳархотун — духтари Шарафуддини Лолоро ба занӣ гирифт. Чаҳор соле баъд аз ин воқеа Баҳои Валад ба хоҳиши султони салчуқии Рум Алоуддини Кайқубод рахт ба Қуния кашид ва он ҷо монд то ду соле баъд, ки ҳам дар Қуния вафот ёфт. Ҳангоми вафоти падар Ҷалолуддин, ки ҷавони бисту чаҳорсола буд, ба хоҳиши муридон маснади тадрису минбари вазъи Баҳои Валадро ишғол кард ва ба ҷои падар нишаст. Як соле аз вафоти Баҳои Валад гузашта буд, ки Бурҳони Муҳаққиқ — Сайид Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ, аз муридони қадим ба шавқи дидори Шайх ва устоди хеш ба Қуния омад. Аммо устод мурда буд ва писараш Ҷалолуддин, ки худ маснади тадрису фатво дошт, дасти иродат ба вай, ба ин шогирду муриди падар дод ва Сайид Муҳаққиқ Ҷалолуддини ҷавонро таҳти иршоду тарбияти хеш гирифт. Чанде ӯро ба Ҳалабу Димишқ фиристод ва андак-андак бо маорифи сӯфия ошноии тамом дод. Баъд аз марги Бурҳони Муҳаққиқ, ки зоҳиран ба соли 638 рӯй дод, Ҷалолуддин якчанд аз суҳбати пире маҳрум монд. Муридон бар вай ҷӯшиданд ва ҳавзаи вазъу тадриси ӯ равнақе ёфт. То соли 642, ки Шамси Табрезӣ ба Қуния омад ва ошноӣ бо ӯ сарнавишти ин муфтиву мударриси ҷавони Қунияро, ки худ шогирдону муридони бисёр дошт, дигаргун кард. Ин дарвеши шӯридаи бесару сомон, ки ба сабаби чаҳонгардиҳои хеш Шамси паранда хонда мешуд, дар ин айём бо кулоҳи сиёҳу ҷомаи жандаи қаландаронаи хеш ба Қуния даромада буд ва дар хони шакарфурӯшон хона гирифта буд. Достони бархӯрди ӯ бо Ҷалолуддин, ки зоҳиран як бор низ вайро дар Димишқ дида буд, дар китобҳо бо каромоти шигифти боварнакарданӣ омехта аст. Ин қадар ҳаст, ки вай таваҷҷуҳи Мавлоноро аз истиғроқ дар баҳсу дарс ба истимрор дар завқу кашф кашонид ва беҳосилии илмеро, ки аз қилу қоли мадраса ҳосил мешуд, бар вай намоён кард. Суҳбати Шамс, ки мақолоти ӯ ҳокӣ аз жарфбиниҳову нуктасанҷиҳои ӯст, Мавлоноро чунон маҷзуб кард, ки кори дӯстии вай бо Шамс ба навъе шефтагӣ мунҷар гашт ва Мавлавиро, ки марди баҳсу дарсу ваъз буд, дар чиҳилсолагӣ муаллими ишқи вай шоирӣ омӯхт. Ин нуктаву тағайюре, ки дар аҳволи муфтиву мударриси маҳбуби Қуния падид омад, шогирдону муридони вайро бо Шамс душман кард. Дар ҳақиқат, аз сӯҳбати ин дарвеши шӯридаи бесомон чунон инқилобе дар вуҷуди Мавлоно падид омад, ки дарсу ваъзро каноре ниҳод ва ба тарки маснади тадрису фатво гуфт. Соатҳову рӯзҳо бо Шамс хилват мекард ва ба ҷои намозу рӯзаву ваъз ба самоъу рақсу ваҷд мепардохт ва бад-ин гуна аз шайху шайхзодаи Қуния ҷуз дарвеше шӯридаву беором намонд. Ин амр сабаби хашму норизоии муридони Мавлоно гашт. Муриду муродро сарзанишҳо карданд ва махсусан, Шамсро ҷодугар хонданду таҳдид карданд. Шамс ночор чанде аз Қуния ғайбат кард ва ба Димишқ рафт. Мавлоно як писари хеш — Султон Валадро дар паи ӯ фиристод ва ӯро ба Қуния боз овард. Аммо ин таҷдиди суҳбат тӯле накашид ва Шамс ба ногоҳ боз нопадид шуд. Баъдҳо шоеъае падид омад, ки Шамс ба дасти муридони Мавлавӣ кушта шуд. Гуфта шуд, ки Алоуддин — писари дигари Мавлоно низ дар ин тавтиа дасте дошт. Аммо ин шоеъа дар осори Мавлавӣ мунъакис нест. Мегӯянд ин воқеаро аз Мавлоно пинҳон доштанд ва ӯ ба ҳамин ҷиҳат то поёни умр аз дидори Шамс навмед нашуд ва ду бор низ ба талаби ӯ азимати Шом кард. Ва албатта, аз он гумшуда нишоне наёфт. Дар сурате ки ҷасади ӯро баъд аз Мавлоно аз чоҳ берун оварданду дафн карданд. Албатта, агар ин воқеа рӯй додааст, чун Мавлоно аз он ҳаргиз огоҳ нашудааст, шӯру шавқе, ки то поёни кор нисбат ба Шамс нишон додааст, аҷаб нест. Аммо агар Султон Валад низ дар китоби хеш бо ин фоҷиа ишорат накардааст, лобуд барои он будааст, ки намехостааст номи бародар ва шуҳрати муридони падарро олуда кунад, бо ин ҳол ин нукта, ки дар ҳалқаи ёрони Мавлоно қатл воқеъ шуд ва бо вуҷуд мухолифони вай — шаҳнаву қозӣ ба таҳқиқ дар он напардозанд, ғариб менамояд ва сиҳати асли ривоятро машкук (шубҳаовар) месозад. Боре, ғайбати ногаҳонии Шамс Мавлавиро беш аз пеш ба дунёи ишқу ҳаяҷон кашонид. Чунон ки маснади ваъзу тадрисро яксара тарк кард ва бар хилофи интизори муридон аз он пас Мавлоно худро ба куллӣ таслими ваҷду самоъ кард ва ғазалҳои «Девони Шамс» ёдгори ин шӯру ҳаяҷони рӯҳонии ӯст. Чанде баъд аз ғайбати Шамс Салоҳуддини Заркӯб дили Мавлоноро рабуд ва Ҷалолуддин бо ҳамон шӯру гармӣ бо ин муриди омию содаи хеш дил баст ва ӯро бо вуҷуди нохурсандиҳои муридон ноибу халифаи хеш кард. Муридон ин бор низ биранҷиданд ва ҳатто, дар садади қатли Салоҳуддин баромаданд. Аммо Мавлавӣ аз изҳори шавқу муҳаббат дар ҳаққи ин Заркӯби Қуния бознаистод. Духтари ӯ Фотимахотунро барои писари хеш Султон Валад гирифт ва худи ӯро то зинда буд, муддати даҳ сол, тавозӯъ ва такрими беҳад мекард. Чунон ки баъд аз ӯ низ Ҳисомуддини Чалабӣ — як ахизодаи курднажоди Урумия, ки падаронаш аз ҷавонмардони номдори вилоят буданд, то поёни умри Мавлоно маҳбубу муриду муроди ӯ буд ва ҳамин дӯстиву шефтагии бепоён буд, ки «Маснавӣ»-и азими маънавиро ба вуҷуд овард. Чунон ки ёди Салоҳуддини Заркӯб низ мисли хотираи Шамс дар ғазалиёти «Девони кабир» зинда шуд. Дар Қуния Мавлоно ҳурмату ҳишмати тамом дошт. Подшоҳони салчуқии Рум, хосса, Иззуддини Кайковус ва Рукнуддини Қалиҷ Арслон нисбат ба ӯ иродат меварзиданд. Муъинуддини Парвона ба маҷлиси ӯ рафту омад мекард ва ҳадяву ниёз медод. Садруддини Қунавӣ — орифи номдори вилоят дар ҳаққи вай такрими бисёр мекард. Сироҷуддини Армавӣ, ки аз донишмандони баноми аср буд, дар вай ба чашми бузургӣ медид. Фахруддини Ироқӣ ва Наҷмуддини Розӣ суҳбати вайро муғтанам мешумурданд. Ҳатто, қавле ҳаст, ки Шайх Саъдӣ низ ҷиҳати дарки суҳбати ӯ аз Форс ба Рум омад. Ба ҳар ҳол, шак нест, ки дар Қуния Мавлавӣ ному овозаи баланд дошт ва маҷлиси ӯ гузашта аз муридону шогирдони бисёр ҳозирону мустамеъони номовару муҳташами дигар низ меёфт. Бо ин ҳама Ҷалолуддин марди бетакаллуф, сода ва некмаҳзар буд. Бештар бо дарвешону пешаварон нишасту бархост дошт ва дар муомила бо муҳташамон густоху бепарво буд. Бо вуҷуди лоғариву зардрӯй ҳишмату маҳобати қавӣ дошт. Агарчи либоси содаи сӯфиёна мепӯшид, мардум дар вай ба чашми аҳли ҳишмат медиданд. Бо ин ҳама, дар маҷлиси ӯ аз ҳар дастаи мардум роҳ доштанд. Ҳатто, як тарсои маст метавонист дар самоъи ӯ ҳозир шавад ва шӯру арбада кунад. Ва қассоби арманӣ, агар ба вай бармехӯрд, аз вай тавозӯъҳои шигифт медид. Дар бурдбориву шикебоӣ ҳавсалаи каммонанд дошт. Толибилме, ки бо сӯфия душманӣ дошт, дар сари ҷамъ бо вай гуфт: «Аз Мавлоно нақл кунанд, ки ҷое гуфтааст «ман бо ҳафтоду се мазҳаб якеам», оё ин сухан Мавлоно гуфтааст?», гуфт: «Оре, гуфтаам». Он мард забони таън бигшод ва Мавлоноро дашном дод. Мавлоно бихандид ва гуфт: «Бо ин низ, ки ту мегӯӣ, якеам», якрангиву сулҳҷӯии ӯ то бад-ин ҳадд буд ва бо ринду зоҳид ва габру тарсо чунин мезист. Дар ҷимодиюлохири соли 672-и ҳиҷрӣ дар поёни беморие, ки зоҳиран таби муҳарриқа буд, Мавлоно дар Қуния чашм аз ҷаҳон фурӯ баст. Шайх Садруддини Қунавӣ бар ҷанозаи вай намоз хонд. Ҷасади ӯро дар ҷавори турбати падараш, ки мавсум ба боғи Султон ё Ирамбоғча буд, дафн карданд. Биное ҳам ба номи «Қуббаи хазро» ба нафақаи бузургони аср ва муридон бар турбати вай падид омад. Он ҷо оромгоҳи хонаводагии аҳфоди вай шуд ва то кунун наздики панҷоҳ тан аз фарзандони вай дар он оромгоҳ осудаанд..[1]

Мероси адабии Мавлоно[вироиш]

Маҷассамаи Мавлоно дар Измир

Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермахсултарин адибони тоҷик аст. У бо Мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар хайрат гузоштааст.

  1. «Девони Шамс»
  2. «Мачолиси саъба»
  3. «Мактубот»
  4. «Фихи мо фихи»
  5. «Маснавии Маънавӣ»

Бори нахустин олими Англис Р. А. Николсон (Николсон) аз забони форсӣ ба забони англисӣ гардонидааст солҳои 1925-1937, ки аз 25632 байт иборат аст. Дар донишгохи илмии шарқшиносии Тоҷикистон махфуз аст, ки соли 1459 нашр шудааст «Маснавии Маънавӣ» аз шаш дафтар иборат аст.

  1. Дафтари дуюм 3826 байт
  2. Дафтари сеюм 4813 байт
  3. Дафтари чорум 3856 байт
  4. Дафтари панчум 4241 байт
  5. Дафтари шашум 4931 байт

«Маснавии Маънавӣ», ки аз шаш дафтар иборат буда бо чунин зайл таксимот шудааст. Замин- Осмон, Шарқ-Ғарб, Шимолу-Ҷануб. Мазмун ва мундаричаи «Маснавии Маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ хаёти фалсафи ва динӣ дар ислом аст. Банда дар акидаи олам, ки Мавоно Ҷалолиддини Балхӣ шаш дафтари «Маснавии Маънавӣ»-ро ба шаш пайгамбари мурсал ташбех додаст. 1. Одам (с), Нух (н) Иброхими (х) Мусои (к) Исои (р) Мухаммад (с). Баъди гайбзадани Шамси Табрезӣ, Ҷалолиддин бо Хисомуддин марди Хак буд аз ин лихоз ба Ҷалолиддини Балхӣ багоят наздик ва дусти хакики мешаванд. Бо маслихати Хисомуддин дар мудати 10-сол «Маснавии Маънавӣ»-ро менависад. Худи Ҷалолиддин дар хар як дафтараш Хисомуддинро зикр мекунад:

Эй Зиёулхак Хисомуддин туви,
Ки гузашт аз мах ба нурат «Маснавӣ».
«Маснави»-ро чун ту мабдоъ будаи,
Тор фузун гардад, туяш
То накши висоли дуст бо мост,
Моро хама умр худ тамошост.
Он чо, ки висоли дустон аст,
В- оллох, ки миёни хона сахрост.
Он чо, ки муроди дил барояд,
Як хор бех аз хазор хурмост.
Макун эй дуст гарибам сари савдои ту дорам,
Ману болои манора, ки таманои ту дорам.
Зи ту сармасту хуморам хабар аз хеш надорам,
Сари худ низ нахорам, ки таманои ту дорам.
Дили ман равшану мукбил зи чи шуд, бо ту гуям,
Ки дар оинаи дил рухи зебои ту дорам.
Макун эй дуст маломат бинигар рӯзи киёмат,
Хама мавчам, хама чушам дури дарёи ту дорам.

Панду андарз аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ[вироиш]

Панду андарз ташбеҳи одобу ахлоқ яке аз анъанаҳои хеле қадими форсу тоҷик аст. Ҳануз аз асрҳои 3 – 8 сарчашма гирифтааст.Аз он ҷумла омухтани эҷодиёти яке аз бузургони гузаштаи асри 13 Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қобили омузиш аст. Мавзуи инсон чи Юнону рум ҳам дар назми форсу араб зимнан дар осори нобигаҳои ҷаҳони мавзуи маркази махсуб меёбад ва Мавлоно низ дар тарбияи ватандустиӣ ва ватанпарварӣ тарбияи инсон саҳми бесазо гузоштааст ва ӯ яке аз мумтози панду ахлоқ ба ҳисоб меравад. Зикр кардан ба маврид аст ки дар осори панду ахлоқи Мавлоно Чалолиддин пеш аз ҳама тарбияи инсон падид меояд. Аз ин рӯ таълимоти ахлоқии у сар то сари андешаӽои инсондустӣ буда дар он мавзуи заҳматҳои инсон дар роҳи такомули руҳии худ мақоми хос дорад. Мавлоно кушиш ба хайр додаст ки то мақому мартабаи инсонро баланд бардошта, бештар маънавии вайро баланд бардорад. Ба қавли мавлоно холиқи афоли худи инсон ва ҳар феъле, ки аз у содир мешавад, марбут ба худи ӯст, яъне бовуҷуди овардаи рафтору кирдори худи инсон аст. Аз инҷо орифи бузург мефармояд:

То ту торику малулу тираи,
Дон ки бо деви лаъин ҳамшираи.
Чун зи луқма ту ҳасад бини давом,
Чахлу ғафлат зояд онро дон ҳаром .
Ҳеч гандум кориву чав бар диҳад,
Дидаи аспе ки куррай хар диҳад?

Яъне дар мисраи авали ин ғазал устод мефармояд: то даме, ки дилсиёҳ, тираакл ҳасуд ва бадкирдор ҳасти дон, ки бо деву лаъин- иблис ҳамтан ҳамроҳ ва ҳамнишини.Дар мисраи дигар бошад ӯ мегуяд, ки: Оё ҳеч дидаи, ки гандуми ба замин пошида ҳосил ҷав дода бошад? Оё ҳеч дидаи ки асп курхар зодааст? Чуноне ки дар бобати некию некноми бузургони фармудаанд:

Зиндаву ҷовид гашт ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда бувад номи ӯ.

Дар ин мавзуъ инчунин устод Ҷалолиддини Балхӣ низ диққати махсус дода ба он таваҷҷуҳ намудааст. Чуноне ки дар ҳикояи “Марди некукор ва аҳли Заврон” омадааст: Дар Заврон ном деҳа дар кишвари Яман марди накукоре зиндаги мекард, ки пайваста роҳе барои кумак ба дардмандону ниёзмандон пайдо мекард. Мекушид, ки дили онҳоро хуш кунад ва онҳоро аз ҳочатманди барорад.

Кулбаи дарвеш буди куи ӯ,
Омаданди мустамандон суи ӯ.

У ҳамеша, ки гандумро дарав мекард. Даҳяки онро ба нодорон медод ва чун гандуми боқимондаро орд мекард, боз даҳяки ордро ба ҳоҷатмандон медод. Ҳангоме, ки нон мепухт даҳяки нонро ба дигаррон мебахшид. Рӯзе фарзандони худро гирд оварда васият кард, ки мабодо ҳиссаи мискинон дармондагону бечорагонро фаромуш кунед. Агар ҳаққи фақиронро бидиҳед Худованд ҳам ба кишту меваи шумо меафзояд. Бо ин ҳама Худованд мукофоти некукоронро кафолат додааст ва агар касе аз даромади худу моли хеш нодоронро шарик кунад шак нест ки ҳоҷатманду гиритори мушкили нахоҳад шуд.

Эй гирифтори сабаб берун мапар,
Лек азали он мусабаб зан мабар.
Ӽарчи хоҳад он мусабаб оварад,
Қудрати мутлақ сабабҳо бардорад.

Бале чуноне ки мо дар боло қайд кардем “Зиндаву ҷовид гашт ҳар ки накуном зист” бале доштани номи нек ин обрую мартабаи инсонро баланд мебардорад ва номи шахси накукору некрафтор абадист…

Андешаи ман дар ин мавзуъ яъне тарбияи ахлоқии инсон ин худ доштани одобу ахлоқи хамидаи инсонист. Барои ҳамин ҳам ба мо ҷавонони содиқи ватан зарур аст ки ҳиси масъулиятшиносиро дар худ бештар ҷалб кунем ва баҳри ободии ватани азизи худ саҳмгузор бошему ватанро дӯст дорем, яъне ба омузиши адабиёти ниёгони худ инчунин ба омухтани илмҳои дақиқ ва донистани забонҳои хориҷи майлу рағбати зиёд дошта бошем то Тоҷикистони азизи худро бо дигар давлатҳои мутараққии ҷаҳон баробар намоем.

Ҳикоёт аз маснавӣ[вироиш]

Ҷӯҳӣ[вироиш]

Кӯдаке дар пеши тобути падар,
Зор менолиду бармекӯфт сар,
К-«Эй падар, охир кучоят мебаранд,
То туро дар зери хоке биспаранд.
Мебарандат хонаи тангу заҳир ,
Не дар ӯ қоливу на дар вай ҳасир
Не чароғе дар шабу не рӯз нон,
Не дар он бӯи таому не нишон ,
Не дарун маъмуру не сақфу на бом,
Не бар ӯ баҳри зиёе ҳеч чом.
Не дар он аз бахри меҳмон оби чоҳ,
Не яке ҳамсоя , к-ӯ бошад паноҳ.
Чисми ту, ки бӯсагоҳи халқ буд,
Чун равад дар хонаи кӯру кабуд?
Хонае бе зинҳору чои танг ,
Ки дар ӯ не рӯй мемонад на ранг»
З-ин насақ авсои хона мешумурд,
В-аз ду дида ашки хунин мефушурд.
Гуфт чӯҳū ба падар: «К-эй арчманд,
Валлаҳ, инро хонаи мо мебаранд»
Гуфт чӯҳиро падар: «Аблаҳ машав»,
Гуфт: «Эй бобо, нишониҳо шунав!
Ин нишониҳо, ки гуфт ӯ як ба як.
Хонаи морост бетардиду шак.
Не ҳасиру не чароғу не таом,
Не дараш маъмуру на саҳну на бом».

Иморат дар вайронӣ аст[вироиш]

Он яке омад заминро мешикофт,
Аблаҳе фарьёд карду барнатофт,
К-ин заминро аз чū вайрон мекунū,
Мешикофию парешон мекунū?
Гуфт: «Эй аблаҳ, бирав, бар ман махон!
Ту иморат аз харобū боз дон.
Кай шавад гулзору гандумзор ин,
Ишқ бар дил мениҳад буньёдро,
Охир, эй чон, аз кй хоҳам додро?
Дигарон озод созанд бандаро,
Ишқ банда мекунад озодро.
Кошкй ҳаргиз назодй модарам,
Чун кунам ин бахти модарзодро?
Хусраву Ширин ба ҳам дар ишратанд,
Нолаву зориву ғам Фарҳодро.
Тешаи Фарҳоду кӯҳи Бесутун,
Мегудозад хораву пӯлодро.
Аз барои зулфи мушкомези дӯст
Дӯст дорам ганаву шамшодро.
Шеъри Шамсиддини Табрезй гирифт
Мисру Шому Басраву Бағдодро

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]

  1. Рӯзгороне саршор аз ҳаводис/Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ