Википедиа:Қаҳвахона/Ба диққати корбарон
Умумӣ · Ахбор · Пурсишҳо · Пешниҳод · Дастурҳо · Фаннӣ · Ба диққати корбарон | Skype · IRC
Мудирон · Муҳокимаи хулоса · Муҳокимаи амали мудирӣ · Саволҳои фанноварӣ
Доварон · Ботдорон · Баррасон · Хулосабарор · Викимаълумот · Ҳуқуқи муаллиф · Ҷуғрофиё · Таърихӣ · Ба навкорон
Дархост ба мудирон · баррасон · ботдорон · нақошҳо · скриптерҳо · девонсолорон · OTRS
барои корбарони номивазкун · миёнбарӣ · тарҷума · транскрипсия · тафтиши саводнокӣ · адабиёт барои мақолаҳо
25-солагии Wikipedia

Викимедианҳои азиз! Гурӯҳи корбарони Викимедианҳои Тоҷик Шуморо ба маросими 25-солагии Wikipedia ва 22-солагии Википедияи тоҷикӣ, ки 25 январи 2026, соати 11:00 дар толори Technohub Dushanbe баргузор мегардад, даъват менамояд. 📍 Макон: Technohub Dushanbe,кӯчаи Айни 50/51 Дар барнома: сӯҳбату вохӯриҳои викинависони тоҷик, мубодилаи таҷрибаи мудирони Википедияи тоҷикӣ, чою қаҳва ва шириниҳо. Лутфан барои иштирок тавассути линки зер номнавис шавед: инҷо Ҳамаатонро интизорем!
Ҳарзакории беист
Ба диққати мудирон Дӯстмурод Саид; Ҷалолиддин; Дирафши Ковиёнӣ Нигаред ба инҷо кадоме аз ҳарзакори бадбин зери номҳои МАСТӮРАМОҲ Ҳабибуллоҳ, Мастӯрамоҳи Ориф; Аброр Ҳабибуллоҳ Аброр Давлатович; тав. 2 июл и соли 1991, Қӯрғонтеппа , Вилояти Қӯрғонтеппа , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли — Президенти Ширкат АБРОРТоҷикистон, Пешвои ҲХТ ва ғайра мунтазам бо IP -ҳои гуногун дар Википедия ҳарзакориашро давом дода истодааст.--Шухрат Саъдиев (баҳс) 03:29, 15 июли 2025 (UTC)
- Дуруд! Чандин моҳ мешавад ин ҳарзакори аблаҳ ҳам дар Википедияи Тоҷикӣ ва ҳам дар Википедияи Русӣ бо ҳарзаҳояш мардумро девона кардаст. Дӯстмурод Саид (баҳс) 09:40, 15 июли 2025 (UTC)
- Бинобар ин дар баъзе аз мақолаҳои ба ҳизбҳои ҷумҳурӣ дахлдошта, амали муҳофизатро гузоштан лозим аст. Имконияти амали асар дуздӣ аз харобкори гумроҳ ғайри имкон мегардад Шухрат Саъдиев (баҳс) 12:04, 15 июли 2025 (UTC)
Вохӯрии викинависони тоҷик ба муносибати 20-солагии Википедия
Салом дустони азиз. Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик ташкили як вохӯрии расмии Викинависонро дар таърихи 27-уми январи 2024 дар шаҳри Душанбе дар назар дорад. Корбароне, ки имкони ширкат карданро доранд дар инҷо овоз бидиҳанд, ё назарашонро бинвисанд.--Дӯстмурод Саид (баҳс) 12:21, 18 Январ 2024 (UTC)
Конфронси Википедиа дар Душанбе
Салом дустони азиз. Аз номи Гурӯҳи корбарии Викимедиянҳои Тоҷик мерасонам, ки рӯзҳои 26 ва 27 сентябр дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон конфронс баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он баланд бардоштани савияи дониши викинависони тоҷик ва баҳсу табодули афкор миёни викинависҳо мебошад. . Ҳамчунин, дар ин конфронс аз хориҷи кишвар коршиносон даъват шуда, абзору усулҳои нави викинависӣ ва дурнамои Википедияро муаррифӣ мекунанд. Лутфан ба мо хабар диҳед, ки агар шумо ягон шарҳе дошта бошед ва агар хоҳед, ки ба мо дар ташкили конфронс кумак кунед. Бо эҳтиром Дирафши Ковиёнӣ (Баҳс) 22:42, 23 июни 2023 (UTC)