Виктор Вазарели
фр. Victor Vasarely | |
Ном ҳангоми таваллуд | маҷорӣ: Vásárhelyi Győző |
Таърихи таваллуд | 9 апрел 1906[1][2] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 март 1997[3][4][5][…] (90 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Пеша | рассом, visual artist, муҷассамасоз, тарроҳ, graphic artist, printmaker, тасвиргар |
Фарзанд | Jean-Pierre Yvaral[d][9] |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | pierrevasarely.com |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Виктор Вазарели (Vasarely, аслан Вашархей Vasarhel) (9.4.1908 – 15.3.1997) — наққоши фаронсавӣ, асосгузори оп-арт ва яке аз ҳунармандони муваффақтарини ин сабк.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Виктор Вазарели дар Маҷористон таваллуд шудааст. Соли 1930 ба Порис кӯчид. Дар солҳои 30 садаи XX ба Вазарели осори П. Клее ва П. Мондриан таъсири сахт гузошт. Вазарели силсилаи усулҳои тасвирию графикии ҳандасавиро таҳия намуд. Дар ибтидо рассоми соҳаи графика буд, сипас ба наққошӣ рӯй овард ва тарҳҳои хаттии сиёҳу сафедро дар рӯйи коғаз, варақаи шаффофи пластика ва шиша мекашид. Чоркунҷа, доира, секунҷа, росткунҷа ва хатҳои мувозии амудиву уфуқӣ унсурҳои аслии таркибии асарҳояш буданд. Вай бо кашидани хатҳо дар фосилаҳои гуногун нисбат ба якдигар дар асараш мафҳумҳои муҷарради фазоии себуъдӣ (сеандоза)-ро падид овард. «Фирӯза» (1965, Амстердам, Стеделийк-музей), «Зетт» (1966, Монреал, Осорхонаи санъати муосир), «Вега-Сенде» (Осорхонаи ҳунарҳои муосири Теҳрон) аз ҷумлаи онҳоанд. Баъдан рангҳои дурахшонро ба кор бурд. Асарҳои Вазарели дар бисёр намоишҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд. Ҳамчунин аз соли 1960 дар соҳаи санъати монументалӣ ва дизайн фаъолият дошт. Барои филмҳои тасвирӣ суратҳо мекашид, ки ба сифати ашёи ороишӣ ё бозичаҳо истифода мешуданд. Соли 1982 дар ватанаш шаҳри Печ осорхонаи Вазарели кушода шуд. Осори Вазарели дар бисёр осорхонаҳои ҷаҳон ба намоиш гузошта шудаанд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хальцай М. Вазарели. М., 2006;
- Новая российская энциклопедия. Т. III (2). М., 2007;
- دانشنامۀ دانشگستر. جلد ۱۷. تهران، ۱۳۸۹ هـ. ش؛ دائرة المعارف فارسی. جلد ۲. تهران، ۱۳۸۷ هـ. ش
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вазарели // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Victor Vasarely (нидерл.)
- ↑ Library of Congress Authorities (ингл.) — Library of Congress.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Babelio (фр.) — 2007.
- ↑ Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ https://www.moma.org/artists/6109 (ингл.)
- ↑ RKDartists (нидерл.)
- ↑ Центр искусств и медиатехнологий — 1997.
- ↑ Union List of Artist Names (ингл.) — 2019.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 9 апрел
- Зодагони соли 1906
- Даргузаштагони 15 март
- Даргузаштагони соли 1997
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони Порис
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Рассомон аз рӯи алифбо