Виктор Виткович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Виктор Виткович
Виктор Станиславович Виткович
Санаи таваллуд:

21 март 1908(1908-03-21)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

8 май 1983(1983-05-08) (75 сол)

Касб:

нависандаи кӯдакон

Виктор Станиславович Виткович (21.03.1908, Женева, Швейтсария – 08.05.1983, ш. Маскав), кинодраматург.

Зиндагинома[вироиш]

Соли 1928 факултаи иҷтимоии Университети давлатии Озарбойҷонро ба итмом расондааст. Аз даврони донишҷӯӣ ҳамчун муаллифи филмҳои мултипликатсионӣ фаъолияти эчодиашро шурӯъ намуда, минбаъд ба навиштани сенарияи филмҳои бадеӣ пардохт ва мавзӯи Шарқ дар маркази таваҷҷӯҳаш қарор гирифт.

Эҷодиёт[вироиш]

Дар киностудияҳои ҷамоҳири Осиёи Миёна аз рӯи сенарияҳояш филмҳои бадеии «Насриддин дар Бухоро», «Саргузаштҳои Насриддин», «Шоҳсанам ва Ғариб», «Чароғи сеҳрноки Аловуддин», дар киностудияҳои Маскав «Ҳазору як шаб», «Маззаи ҳалво» ва ғайраҳо таҳия гардидаанд. Аз рӯи достони Мирзо Бедил «Комде ва Мадан» сенарияи «Достони ду дил» («Узбекфилм») навиштааст. Бо ҳамкории С. Улуғзода сенарияи филми бадеии «Абӯалӣ Сино» («Узбекфилм») ва драмаи «Асрори Абӯалӣ Сино»-ро эҷод кардааст, ки дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов рӯи саҳна омадааст. Ҳамин драма бо номи «Табиби бузург» дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский низ намоиш дода шудааст.

Сенарияҳои филмҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]