Виктор Глушков
Виктор Глушков | |
|---|---|
| русӣ: Виктор Михайлович Глушков | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 24 август 1923[1][2] |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 30 январ 1982[3][4] (58 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | алгебра, кибернетика ва риёзиёт |
| Ҷойҳои кор |
|
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1956) |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Dmitry Morduhai-Boltovskoi[d], Sergei Chernikov[d][13], Anatoly Maltsev[d][13] ва Aleksandr Kurosh[d] |
| Шогирдон | V. P. Derkach[d] |
| Ҷоизаҳо | |
| Вебгоҳ | glushkov.su/eng(англ.)(рус.) |
| Имзо |
|
Глушков Виктор Михайлович (24 август 1923[1][2], Ростови лаби Дон, ҶШФСР[d], ИҶШС[1][2] — 30 январ 1982[3][4], Маскав, ҶШФСР[d], ИҶШС[5] ё Маскав) — риёзидони шӯравӣ, мутахассиси соҳаи кибернетика, академики АИ ИҶШС (аз 1964), академики АИ ҶШС Украина (аз 1961), ноиби президенти АИ ҶШС Украина (аз 1962), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1969).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Ростов (1948). Солҳои 1948—1956 дар Институти техникаи ҷангали Украина кор кардааст. Аз соли 1961 директори Институти кибернетикаи АИ ҶШС Украина. Таҳқиқоти Виктор Глушков ба алгебра, кибернетика, мошинҳои ҳисоббарорӣ бахшида шудааст. Назарияи автоматҳои рақамӣ, лоиҳакашии ҳисобмошинҳои электрониро таҳия ва дар истеҳсолот татбиқ намудааст. Ҳисобмошинҳои мӯъҷаз ихтироъ кардааст. Зери роҳбарии Виктор Глушков дар ИҶШС нахустин ҳисобмошини электронии «Мир-1» сохта шуда буд. Бо ташаббуси Виктор Глушков шабакаи умумидавлатии автоматонидашудаи баҳисобгирӣ ва коркарди иттилоот, ки барои пурра идора кардани иқтисодиёти ИҶШС пешбинӣ гардида буд, таъсис дода шуд. Барои ин ӯ системаи алгебраҳои алгоритмӣ ва назарияи тақсимоти хазинаҳои додаҳоро таҳия намуд. Узви чандин АИ-ҳо (Булғория, Олмон, Лаҳистон) буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1967), Мукофоти давлатии ИҶШС (1967, 1968, 1977). Бо се ордени Ленин, ордени Инқилоби Октябр ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст. Соли 1982 баъди фавт ба Институти кибернетикаи АИ ҶШС Украина номи Глушков дода шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Глушков Виктор Михайлович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Малиновский Б. Н. История вычислительной техники в лицах (рус.) — Киев: 1995. — С. 94. — 384 с. — ISBN 5-7707-6131-8
- ↑ 3.0 3.1 Страницы истории отечественных ИТ. Том 1 (рус.) // Страницы истории отечественных ИТ — М.: Альпина Паблишер, 2015. — Т. 1. — С. 48. — 265 с. — 1500 экз. — ISBN 978-5-9614-4853-5
- ↑ 4.0 4.1 Очерки истории информатики в России (рус.) — Новосибирск: 1998. — С. 634. — 1000 экз. — ISBN 5-7692-0101-0
- ↑ 5.0 5.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #105127902X // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Александрович П. Д. Становление информатики в России, Development of computer science in Russia (рус.) // Очерки истории информатики в России — Новосибирск: 1998. — С. 25. — 1000 экз. — ISBN 5-7692-0101-0
- ↑ Малиновский Б. Н. История вычислительной техники в лицах (рус.) — Киев: 1995. — С. 109. — 384 с. — ISBN 5-7707-6131-8
- ↑ Малиновский Б. Н. История вычислительной техники в лицах (рус.) — Киев: 1995. — С. 44—45. — 384 с. — ISBN 5-7707-6131-8
- ↑ Малиновский Б. Н. История вычислительной техники в лицах (рус.) — Киев: 1995. — С. 105. — 384 с. — ISBN 5-7707-6131-8
- ↑ Малиновский Б. Н. История вычислительной техники в лицах (рус.) — Киев: 1995. — С. 169. — 384 с. — ISBN 5-7707-6131-8
- ↑ Малиновский Б. Н. История вычислительной техники в лицах (рус.) — Киев: 1995. — С. 101. — 384 с. — ISBN 5-7707-6131-8
- ↑ Страницы истории отечественных ИТ. Том 1 (рус.) // Страницы истории отечественных ИТ — М.: Альпина Паблишер, 2015. — Т. 1. — С. 43. — 265 с. — 1500 экз. — ISBN 978-5-9614-4853-5
- ↑ 13.0 13.1 13.2 13.3 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Глушков Виктор Михайлович // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Зодагони 24 август
- Зодагони соли 1923
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 30 январ
- Даргузаштагони соли 1982
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Инқилоби Октябр
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Риёзидонон аз рӯи алифбо