Вилояти Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вилояти Душанбе
Дюшамбинский вилайет
Кишвар  СССР
Тобеъи ҶХШ Бухоро, ҶМШС Тоҷикистон
Шомили 6-7 тумон
Маркази маъмурӣ Душанбе
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1920
Таърихи пошхӯрӣ 1929
Шаҳри бузургтарин Янгибозор, Ҳисор ва ғ.

Вилояти Душанбе (русӣ: Дюшамбинский вилайет) — воҳиди марзию маъмурӣ дар ҶХШ Бухоро ва ҶАШС Тоҷикистон, ки дар солҳои 1920—1929 вуҷуд дошт.

Вилояти Душанбе соли 1920 дар қисми ҶХШ Бухоро ташкил карда шуд. Ба қаламрави вилояти навташкил бекигарии Ҳисори гузашта дохил шуд.

Дар соли 1924 вилояти Душанбе ба Ҷумҳурии навташкили МШС Тоҷикистон гузашт. Дар он вақт он ба 6 тумон тақсим мешуд: Ҳисор, Душанбе, Файзобод, Ёвон, Янгибозор (Кофарниҳон). Дар соли 1925 ба он тумони Қаратоғ пайваст шуд. Дар соли 1926 вилояти Душанбе ба вилояти Ҳисор тағйири ном кард. Дар соли 1927 ба вилояти Ҳисор тумонҳои Дурмен-Тоҷик (Лақай-Тоҷик), Душанбе, Қаратоғ, Пакработ, Файзобод, Ёвон ва Янгибозор дохил буданд. Дар соли 1929 вилояти Ҳисор ба округи Ҳисор тағйир дода шуд.

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • А. И. Кошелева, П. А. Васильев. Административно-территориальное деление Таджикистана (исторический очерк). — Сталинабад, 1948. — 48 с.