Jump to content

Вилҳелм Гейгер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вилҳелм Гейгер
олмонӣ: Wilhelm Geiger
Таърихи таваллуд 21 июл 1856(1856-07-21)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 сентябр 1943(1943-09-02)[1][2] (87 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер

Вилҳелм Людвиг Гейгер (21 июли 1856, Нюрнберг — 2 сентябри 1943, Нойбиберг) — эроншинос, ҳиндушинос ва ховаршиноси олмонӣ; мутахассиси забонҳои палӣ, синголӣ ва дивеҳӣ (аз забонҳои молдив; доктори илмҳои фалсафа (1878); муаллифи осоре пиромуни авестошиносӣ ва буддоия.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Донишгоҳи Эрланген таҳти роҳбарии эроншинос ва коршиноси ойини буддоӣ Фридрих фон Шпигел бо китобҳои санскрит ва Авесто ошно шуда, сипас пажӯҳишро дар заминаи Авесто идома дода, соҳибмаълумот гашт. Проф. Донишгоҳи Эрланген (1891—1920). Пас аз даргузашти ҳамкораш, устурашиноси машҳур Эрнест Кун, дар кафедраи ӯ, дар Донишгоҳи Мюнхен, омӯзгорӣ намуд. Соли 1895 барои омӯзиши забони палӣ ба Сейлон (Шри-Ланкаи имрӯза) сафар кард. Муҳимтарин китоби Вилҳелм Гейгер ба забони олмонӣ «Тамаддуни эрониёни ховарӣ дар даврони бостон» аст. Вилҳелм Гейгер инчунин муҳаққиқи забонҳои бостонию муосири эронӣ буда, дар боби забонҳои паштуӣ, балучӣ ва гурӯҳи забонҳои помирӣ осори илмии боарзиш таълиф намудааст. Аз ҷумла, дар яке аз нахустин мақолаҳои эроншиносии худ — «Назаре ба гӯйиши помирӣ» («Zur Kenntnis der Pamir — Dialekte», KZ, XVIII (Neue Folge, VIII), 1884) мақоми забонҳои помириро дар низоми рушди таърихии онҳо тавзеҳ додааст. Ба қалами Вилҳелм Гейгер як силсила мақолаҳо доир ба фарҳанги бостони Эрони Шарқӣ ва динҳои эронӣ тааллуқ дорад. Дар асари «Асосҳои филологияи эронӣ» («Grundriss der Iranischen Philologie») ҳамроҳи Э. Кун дар бораи забонҳои эронӣ (махсусан забонҳои помирӣ) аз аҳди бостон то замони таълифи асар мақолаҳо нигоштааст. Вилҳелм Гейгер инчунин муассис ва сардабири «Маҷаллаи ҳиндушиносӣ ва эроншиносӣ» буд (аз соли 1922).

  • Elementarbuch des Sanskrit, de Gruyter. Berlin und Leipzig, 1923;
  • The Age of the Avesta and Zoroaster (ҳамроҳ бо Ф. Шпигел, ба англисӣ баргардони Дороб Дастур Пашутани Занҷонӣ), London, 1886;
  • Civilization of the eastern Iranians in Ancient Times, with an Introduction on the Avesta Religion. London 1885—1886;
  • Zarathushtra in the Gathas, and in the Greek and Roman classics, ҳамроҳ бо Friedrich Heinrich Hugo Windischmann; Leipzig 1897.
  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. Deutsche Nationalbibliothek Record #118841408 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.